Декабр 12, 2022 11:22 Asia/Dushanbe
  • Сардор Тагсерӣ ҳамчунин гуфт: Бояд сабки зиндагӣ ва сираи шуҳадоро шиносоӣ кунем ва бо амали дурӯст ва саҳеҳи худ, онро дар ҷомеъа тарвиҷ диҳем
    Сардор Тагсерӣ ҳамчунин гуфт: Бояд сабки зиндагӣ ва сираи шуҳадоро шиносоӣ кунем ва бо амали дурӯст ва саҳеҳи худ, онро дар ҷомеъа тарвиҷ диҳем

Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ аз омодагии комили маънавӣ, эътиқодӣ, размӣ ва тавсиаи таҷҳизот ва имконоти ин нерӯ дар анҷоми маъмуриятҳо хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, Сардор Алиризои Тангсерӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоти исломӣ дар маросими ҳафтумин солгарди шаҳодати мудофеъи ҳарам Ҳабиб Руҳӣ ва 64 шаҳиди бахши Чукоми шаҳристони Хамоми устони Гилон гуфт: Нерӯи дарёии Сипоҳ ба сатҳе аз имодагии маънавӣ, эътиқодӣ, размӣ ва тавсиаи таҷҳизот ва имконот расидааст, ка барои анҷоми ҳар маъмурияте омодагии комил дорад.

Шаҳид Ҳабиб Руҳии Чукомӣ, аз посдорони нерӯи дарёии Сипоҳ буд, ки дар соли 2015 дар роҳи дифоъ аз ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) ҳангоми амалиёти мусташори дар минтақаӣ Ҳалби Сурия ба файзи шаҳодат расид.

Фармондеҳи нерӯи  дарёии Сипоҳ бо таъкид бар таваҷӯҳи бештар ба сираи шуҳадо ва тарвиҷи ва корбурди он дар зиндагии имрӯз афзӯд: Бояд сабки зиндагӣ ва сираи шуҳадоро шиносоӣ кунем ва бо амали дурӯст ва саҳеҳи худ, онро дар ҷомеъа тарвиҷ диҳем.

Сардор Тагсерӣ ҳамчунин гуфт: Дигар ҳеҷ қудрате наметавонад дасти бартарии хешро бар миллати азизи Эрон дикта кунад ва ба он зӯр бигуяд ва амрикоиҳо то замоне, ки хӯйи истекбори ва золимӣ дошта бошанд, аз сӯйи сарбозони дарёии вилоят сили хоҳанд хурд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп