Тавлиди 11.5 миллион тон гандум дар соли зироъии Эрон
Декабр 13, 2022 12:14 Asia/Dushanbe
Масъули тарҳи гандуми Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон аз тавлиди қатъии 11 миллиону 500 ҳазор тон гандум дар соли зироъӣ дар ин кишвар хабар дод .
Ба гузориши Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон,Суҳроби Суҳробӣ гуфт : Дар соли зироъии ҷорӣ ( 2022 - 2023 ) сатҳи зери кишти гандум дар арозии кишоварзии саросари ин кишвар ба беш аз 5 миллион ҳектор расидааст .
Суҳробӣ афзуд : Кишти гандум ҳамчунон дар устонҳои мухталиф идома дорад .
Масъули тарҳи гандуми Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон ҳамчунин гуфт : Барои расидан ба худкафоӣ дар тавлиди гандум дар Эрон бояд ба адади 13 миллиону 500 ҳазор тон тавлиди ин маҳсӯл бирасем .
Бештар бихонед :
Барчасп