Оғози нишасти « Ҳамкориҳои ҷомеъи Эрону Чин » дар Теҳрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i95468-Оғози_нишасти_Ҳамкориҳои_ҷомеъи_Эрону_Чин_дар_Теҳрон
Нишасти « Ҳамкориҳои ҷомеъи Эрону Чин » аз имрӯз ( сешанбе ) бо ҳузури муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва муовини нахуствазири Чин дар Теҳрон оғоз шудааст .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 13, 2022 14:02 Asia/Dushanbe
  • Оғози нишасти « Ҳамкориҳои ҷомеъи Эрону Чин » дар Теҳрон

Нишасти « Ҳамкориҳои ҷомеъи Эрону Чин » аз имрӯз ( сешанбе ) бо ҳузури муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва муовини нахуствазири Чин дар Теҳрон оғоз шудааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, меҳвари аслии нишасти « Ҳамкориҳои ҷомеъи Эрону Чин » роҳкори афзоиши раванди иҷрои барномаи ҳамкории ҷомеъи 25 солаи Эрону Чин эълом шудааст .
Муҳаммади Мухбир-муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҳу Чун Ҳуои-муовини нахуствазири Чин раёсати ду ҳайати эронӣ ва чиниро дар ин нишаст бар ӯҳда доранд.
Эрону Чин дар солҳои гузашта равобити худро дар се сатҳи калони " сиёсӣ - иқтисодӣ ", " амниятӣ - дифоӣ " ва " геополитикӣ - стратегӣ " густариш додаанд ва имзои санади роҳбурдии 25 солаи гоми муҳимме дар ҷиҳати такмили ин раванд буд .
Ин санад бо ҳадафи афзоиши амалии равобити ду кишвар дар сатҳи мушорикати ҷомеъи роҳбурдӣ  ва фароҳам кардани заминаи тавсеаи ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои Эрону Чин тадвин шудааст.

Бештар бихонед :