1500 афғонистонӣ рӯзона аз марзи Дуғоруни Хуросони Разавӣ ба кишварашон бозмегарданд
Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавӣ дар шимолишарқи Эрон гуфт, рӯзона ҳудуди ҳазору 500 табааи афғонистонӣ ба сурати худмуарриф ва ба хости худашон аз марзи Дуғоруни ин устон ба кишварашон бозмегарданд.
Сайидалии Қосимӣ, мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии устондории Хуросони Разавӣ рӯзи чаҳоршанбе дар комиссияи сомондеҳии атбои хориҷии Хуросони Разавӣ, ки бо ҳузури намояндаи вижаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умури Афғонистон дар Машҳад ташкил шуд, афзуд: Рӯзона байни 400 то 500 табааи хориҷӣ ба унвони мутаҷовизи марзӣ дар марзи Хуросони Разавӣ бо Афғонистон дастгир мешаванд ва тайи ҳашт моҳи имсол ҳудуди 350 ҳазор табааи афғон, ки ғайриқонунӣ аз марзи Хуросони Разавӣ вориди Эрон шуда буданд ва бештарашон нерӯи кор буданд, аз марз бозгардонда шуданд.
Мудири кулли атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Хуросони Разавӣ дар ин ҳол гуфт, дар ҳоли ҳозир 75 ҳазор донишомӯзи афғонистонӣ дар ин устон таҳсил мекунанд, ки 17 ҳазор нафар фақат аз атбои ҷадидулвуруд тайи як соли гузашта ҳастанд.
Қосимӣ афзуд, афғонистониҳо дар устони Хуросони Разавӣ ва ба вижа дар Машҳад 200 ҳайати мазҳабӣ ва 86 маркази фарҳангии фаъол доранд ва пешниҳод мешавад аз зарфияти уламои мазҳабии онҳо барои мудирияти воҳиди фарҳангии атбоъ баҳра гирифта шавад.
То пеш аз тағйири ҳокимият дар Афғонистон ва рӯйи кор омадани Толибон устони ҳафтмиллионнафарии Хуросони Разавӣ мизбони 320 ҳазор нафар аз атбои афғонстонии дорои муҷаввиз, гузарнома ва корти омоиш буд.