Вокуниши Баҳодури Ҷаҳрумӣ ба лағви узвияти Эрон дар Комиссияи мақоми зани СММ
Сухангуи давлати Эрон, Амрикоро бонии лағви узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Комиссияи мақоми зани Созмони милал, донист.
Узвияти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Комиссияи мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид шомгоҳи чаҳоршанбе дар пайи дархости ғайриқонунии Амрико барои поён додан ба ин узвият бар асоси иддаоҳои беасос ва истидлолҳои сохтагӣ бо истифода аз ривоятҳои ҷаълӣ ва сохтагӣ бо рӯҳ ва матни Маншури милали муттаҳид бо 29 раъйи мувофиқ, 8 раъйи мухолиф ва 16 раъйи мумтанеъ ба поён расид.
Алӣ Баҳодури Ҷаҳрумӣ чаҳоршанбешаб дар “Твиттер” ва дар вокуниш ба лағви узвияти Ҷумҳурии исломии Эрон дар Комиссияи мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид, Амрикоро бонии ин иқдом муаррифӣ кард ва навишт: яксеюми зиндониёни зани ҷаҳон дар Амрико зиндонӣ ҳастанд.
Баҳодури Ҷаҳрумӣ бо ёдоварии нақзи фоҳиши ҳуқуқи занон дар Амрико тасреҳ кард: Аз 2015 то кунун дастикам 250 зан бо ваҳшигарии полиси Амрико, дар хиёбон ва бидуни муҳокима ба қатл расидаанд.
Комиссияи мақоми зан яке аз аркони Шӯрои иҷтимоӣ ва иқтисодии Созмони милал аст. Қатъномаи лағви ҳузури Эрон дар Комиссияи мақоми зан тавассути давлати Амрико ва дар идомаи фишорҳои ҷаҳонӣ алайҳи Эрон бо ҳадафи ҳимоят аз иғтишошҳо ироа шуд.