Декабр 15, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Ҳимоят аз рубл ба унвони асъори аслии мубодилоти Эрону Русия

Сафири Эрон дар Маскав гуфт, Теҳрон аз иддеаи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад.

Козими Ҷалолӣ гуфт: мумкин аст аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар мубодилоти ду кишвар истифода шавад.

Ҷалолӣ афзуд, беш аз 40 дарсади тиҷорати Русия ва Эрон бо рубл сӯрат мегирад ва ба эҳтимоли зиёди асъори Русия мумкин аст асъори аслӣ дар тасвияҳисобҳои дуҷониба бошад.

Сафири Эрон дар Русия гуфт: Теҳрон ҳамчунин аз иддеаи истифода аз рубл ба унвони асъори аслӣ дар иттиҳодияҳои минтақаӣ монанди Иттиҳоди Авруосиё ҳимоят мекунад.

Ҷалолӣ афзуд, яке дигар аз мавзуоте, ки сарони мо рӯи он тамаркуз доранд ин аст, ки тасаллути бархе асъор, аз ҷумла долларро дар равобити тиҷорӣ ва иқтисодии худ коҳиш диҳем. Бинобар ин, истифода аз асъори миллии мо дар тасвияҳисобҳои мутақобил усӯлист ва мо барои ин ҳадаф ба кори худ идома медиҳем.

 

Барчасп