Раисӣ: Муҳосибаи душман дар тавтеаи ахир иштибоҳ аз об даромад
-
Боздиди Раисӣ аз Хуросони Ҷанубӣ
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, бо басирати мардуми Эрон муҳосибаи душман дар тавтеаи ахир мисли фитнаҳои гузашта иштибоҳ аз об даромад.
Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар дидор бо ақшори мухталифи мардуми Неҳбандони устони Хуросони Ҷанубӣ (шарқи Эрон) бо баёни ин ки басирати мардуми Эрони исломӣ нақшаҳои душманонро нақш бар об кард, гуфт: Иллати ин ки душман наметавонад бо вуҷуди ҳамаи тавтеаҳову фитнаҳо ба ин кишвар тааддӣ кунад, ҳузури мардум дар арсаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст.
Раисӣ бо баёни ин ки бар асоси оморҳои расмии расонаҳои ғарбӣ солона садҳо зан ба дасти полиси Амрико кушта мешаванд, афзуд: Амрико ва ҳампаймононаш наметавонанд аз ҳуқуқи башаре, ки намунаи боризи нақзи он поймол шудани ҳуқуқи мардуми бегуноҳи Фаластин ва Яман аст, тарафдорӣ кунанд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки гуруҳи террористии ДИИШ сохтаи дасти ғарбиҳост, гуфт: Иллати гуфтани «Марг бар Амрико» тавассути мардуми Эрони исломӣ иртикоби ҷиноятҳои террористӣ ва куштори мардуми бегуноҳ, аз ҷумла ҷинояти террористии Шоҳчроғи Шероз (ҷануби Эрон) аст.
Раисӣ бо таъкид бар ин ки раванди пешрафтҳои Ҷумҳурии исломии Эрон мутаваққиф нахоҳад шуд, хотирнишон кард: Шаҳрҳову кишвар ба дасти мардону занони Ҷумҳурии исломии Эрони сохта шуда, аз ин пас низ сохта хоҳад шуд, мо умеду интизорӣ аз дастони бегона надорем.