Дидори мақомоти марзии Эрон ва Туркия дар Моку
Фармондеҳи марзи Ҷумҳурии исломии Эрон дар шаҳристони Моку ва раиси вилояти Айғадири Туркия дар нишасту мулоқоти марзӣ бар ҳусни ҳамҷавории сокинони ду сӯи марз таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, ду тараф илова бар баҳсу табодули назар барои афзоиши тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи марзӣ ва муқобила бо анвоъи ноамниҳо дар марзҳои муштарак, бар ҳусни ҳамҷавории сокинони ду сӯии марз таъкид карданд .
Сарҳанг Рустамзода-фармондеҳи қисми марзии Моку гуфт : Марзбонии Туркия қавли мусоид дод шаҳрвандони Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар хоки кишвари Туркия дучори мушкил мешаванд бо муроҷиа ба марзбониҳои Туркия нисбат ба ҳалли мушкилоти онҳо иқдом кунанд .
Ҳусайни Иброҳимӣ- раиси вилояти Айғадири Туркия ҳам дар ин нишаст бо изҳори ризоят аз тадовуми ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи марзбонон бар тадовуми амнияти пойдор дар ду сӯии марз таъкид кард .
Дар аввалин ҷаласаи мулоқоти марзӣ баъд аз се соли вақфаи мақомоти марзии Эрон ва Туркия илова бар имзои тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар чаҳор банд муқарар шуд ин ҷаласот ҳар 6 моҳ як бор дар хоки Туркияву Ҷумҳурии исломии Эрон баргузор шавад .