Сардор Аштарӣ: Душманони Эрони исломӣ шикасти муфтазаҳонае хӯрданд
Фармондеҳи кули интизомии Эрон бо таъкид бар лузӯми такя бар ҷиҳоди табйин ва равшангарӣ дар ҷанги ривоятҳо гуфт: Душманони Эрони исломӣ шикасти муфтазаҳона(сарафкандагӣ)-е аз мардум хӯрданд.
Сардор Ҳусайни Аштарӣ рӯзи шанбе бо ишора ба фитнаи ахир дар кишвар тасреҳ кард, душман дар ҳар шароите ба дунболи расидан ба аҳдофи шуми худ аст то битавонанд аз ин тариқ амнияту оромиши мардумро хадшадору нақшаҳои худро дар ростои барандозии низоми муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон пиёда кунад.
Сардор Аштарӣ дар бахши дигаре аз суханони худ бо ишора ба тавтеаҳои ахири душманону бадхоҳони низоми исломӣ бо тамаркуз бар ҷанги печидаи таркибӣ ва амалиёти равонӣ унвон кард: Неруҳои полис дар майдони амал дар канори мардум барои дифо аз амният ва мардум истоданду нақшаҳо ва тавтеаҳои душманонро нақши бар об карданд.
Вай хотирнишон кард, душман бо тамоми тавон ворид шуда ва ҳарчӣ дошт ба майдон овард барои инки мо як Эрони қавӣ ва мустақил надошта бошем, душман ба дунболи ихтилофи қавмӣ, мазҳабӣ ва таҷзияталабӣ аст, вале шикасти муфтазаҳонае хӯрд.