Таҷҳизи марзбонӣ ба шиноварҳои тундрав дар марзҳои обии Эрон
(last modified Sat, 17 Dec 2022 13:35:02 GMT )
Декабр 17, 2022 18:35 Asia/Dushanbe
  • Таҷҳизи марзбонӣ ба шиноварҳои тундрав дар марзҳои обии Эрон

Ҷонишини фармондеҳи марзбонии ФарОҷо, аз таҷҳизи нерӯҳои марзбонии Эрон ба шиноварҳои тундрав ва пешрафта дар марзҳои обии кишвар хабар дод.

Сардор Ҷалоли Ситора, ҷонишини фармондеҳи марзбонии ФарОҷо, гуфт, истикбори ҷаҳонӣ ва дар раъси он Амрикои ҷинояткору дастёрони вобастаи минтақа, ба дунболи тазъифи низоми исломӣ ва ихтилоф байни мардум, масъулин ва тазъифи боварҳои динӣ ва мазҳабии мардуми азизи Эрон ҳастанд, вале бо ҳӯшёрӣ ва басирати мардум ин нақшаҳо хунсо хоҳад шуд.

Вай афзуд, бо таҷҳизи марзбонӣ дар ояндаи наздик ба шиноварҳои тундрав ва пешрафта дар марзҳои обӣ, дар ростои иртиқои маъмуриятҳои муҳаввала, гоми баландӣ бардошта хоҳад шуд.

Сардор Ҷалоли Ситора ҳамчунин гуфт, Амрикои ҷинояткор бо парвариши ДИИШ дар минтақа ва ҷиноятҳои зиёде, ки ин гурӯҳи террористии вобаста ба Амрико дар Сурия, Ироқу соири миллатҳои мусулмон анҷом доданд, вале бо ҳузури размандагони далери ҷабҳаи муқовимат, дар садри он сардори шаҳид Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ торупуди ин гуруҳ дарҳам печида шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаҳои мухталифи илмӣ, фанноварӣ, ҳастаӣ, дифоӣ ва пизишкӣ пешрафтаҳои бисёр зиёде дошта, ки боиси хашми душманони ин мардум шудааст.