Тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон
Як ҳайати тиҷорӣ аз кишвари Тоҷикистон тайи сафаре ба Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ ва баргузории нишасти муштарак бо тоҷирони ин устон тамоюли бисёре барои сармоягузорӣ дар устон ва тақвияти мубодилоти тиҷории дутарафа нишон дод.
Ба гузориши ИРНА, раиси Утоқи бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон рӯзи якшанбе дар нишаст бо мудирон ва ҷамъе аз фаъолони иқтисодии Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ, ки дар маҳали Утоқи бозаргонии ин устон баргузор шуд, изҳор дошт: Ҷумҳурии Тоҷикистону Эрон 2 кишвари дӯст, ҳамзабон, ҳамфарҳанг ва дорои арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии муштараке ҳастанд, ки ин мавзӯ метавонад бистари муносибе барои тавсеаи равобити иқтисодӣ ва мубодилоти тиҷории 2 кишвар бошад.
Муҳаммадҷон Муҳаммадҷон афзуд, сафари ҳайати тиҷории кишвари Тоҷикистон ба Чаҳормаҳол ва Бахтиёрӣ метавонад ҳамкории фоидабахш байни тоҷирони Тоҷикистон бо ин устонро фароҳам кунад.
Ин фаъоли иқтисодӣ тасреҳ кард, сарони ду кишвари Эрону Тоҷикистон бар асоси сиёсатҳои муштарак, равобити дӯстонае бо ҳам доранд ва мо фаъолони иқтисодӣ бояд аз ин фурсат истифода карда ва бар тақвияти мубодилоти тиҷорӣ бо якдигар иқдом кунем.
Раиси Утоқи бозаргонии вилояти Суғди Тоҷикистон афзуд, ниёз аст то бозаргонон ва фаъолони иқтисодии ду кишвар беш аз пеш ба кишварҳои якдигар сафар карда ва дар сояи ҳамин рафту омадҳо равобити тиҷории худро тавсеа диҳанд ба наҳве, ки барои ҳар ду кишвар судманд ва муассир бошад.
Сарпарасти муовинати умӯри иқтисодии устондории Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ низ дар ин нишаст ба зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи ин устон дар ҳавзаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора кард ва гуфт, дар ин устон илова бар инки зарфиятҳои қобили таваҷҷӯҳе барои сармоягузорӣ вуҷӯд дорад, иҳтимом ва ҷиддияти давлати сездаҳум барои ҳимоят аз сармоягузорӣ ва равнақи бахши тавлид метавонад омили муҳимме барои ҷазби сармоягузории хориҷӣ бошад.
Муҳаммади Козимии Мунзавӣ афзуд, бе шак фурсатҳои сармоягузорӣ дар ҳарду кишвар метавонад дастовардҳои хубе барои фаъолони иқтисодӣ дошта бошад ва бояд аз ин зарфиятҳо ба наҳви матлӯбе баҳрагирӣ кард.