Омодагии Эрон барои эътимодсозӣ ва ҳамкорӣ дар ҳамаи абъод бо ҳамсоягон
Вазири умури хориҷаи Эрон дар сеюмин маҷмааи гуфтугӯи Теҳрон, омодагии Ҷумҳурии исломиро барои эътимодсозӣ ва ҳамкорӣ дар ҳамаи абъод бо ҳамсоягон ва кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс эълом кард.
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон дар ин нишаст гуфт, Эрон омодаи эътимодсозӣ ва ҳамкорӣ дар ҳамаи абъоду сутӯҳ бо ҳамсоягон дар минтақа ва ҳавзаи Халиҷи Форс аст то якбор барои ҳамеша тафаккури таъмини амният аз хориҷи минтақа канор рафта ва бо ҳамёрии кишварҳои минтақа амнияти пойдоре дар минтақа ба вуҷӯд ояд.
Вай бо баёни инки Эрон ҳамвора аз пояҳои субот дар минтақа ва дар хати муққадами мубориза бо терроризми ДИИШ ба унвони таҳдиде муштарак барои минтақа ва кулли башарият будааст, афзуд, «моилам дар остонаи солгарди террори ҷинояткоронаи Амрико ва ба шаҳодат расондани ду қаҳрамони бузурги мубориза бо терроризм шаҳид Абу Муҳадӣ Ал Муҳандис ва шаҳиди сардор Қосими Сулаймонӣ аз онҳо ёд карда ва хотираи онҳоро, ки қаҳрамони бузурги ҳофизи амнияти Эрону Ироқ, минтақа ва ҷаҳон буданд буданд, гиромӣ бидорам.»
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо ишора ба мавзӯи ҷанги Украина изҳор кард, Эрон аз ибтидои ин буҳрон бо иттихози бетарафии фаъол, бар нафии тавассул ба зӯр ва ҳалу фасли муноқиша аз тариқи сиёсӣ ва гуфтгӯ таъкид кардааст.
Амирабдуллоҳиён хотирнишон кард, Аврупо дорад баҳои ҳазинаи сиёсатҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро, ки дур аз маҳдӯдаи буҳрон истодааст, мепардозад.
Раиси дастгоҳи дипломасии Эрон зимни таъкиди муҷаддад бар бепояву асос будани иддаои ироаи таслеҳот ва паҳпод аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон ба яке аз тарафҳои буҳрон изҳор кард, ҳаёҳӯ дарбора ирсоли таслеҳот дар шароите, ки миллиардҳо доллар анвоъи силоҳ аз кишварҳои ғарбӣ барои тадовуми ҷанг вориди Украина шудааст, ҳадафе ҷуз сарпӯш гузоштан бар рӯи раванди дамидани Ғарб дар оташи ҷанг дар хушунат дар Украина надорад.