Декабр 21, 2022 09:55 Asia/Dushanbe
  • Амир Абдуллоҳиён: Мудохилаи Фаронса дар умури дохилии Эрон ғайри қобили қабул аст
    Амир Абдуллоҳиён: Мудохилаи Фаронса дар умури дохилии Эрон ғайри қобили қабул аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо Кэтрин Колонна, вазири хориҷаи Фаронса аз мудохилаи ин кишвар дар умури дохилии Эрон интиқод кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён дар паёми маҷози аз дидор бо вазири хориҷаи Фаронса дар ҳошияи конфронси Бағдоди 2 хабар доду навишт: Дар ин дидор аз мудохилаи ин кишвар дар умури дохилии Эрон интиқод кард ва онро ғаёри қобили қабул донист.

Вазири умури хориҷаи Эрон пештар низ дар паёми аз дидор бо Хосеп Боррел, намояндаи оли ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хабар дод ва ин дидорро дустонав ва созанда тавсиф карда буд.

Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон душанбе шаб ба манзури ширкат дар иҷлоси Бағдоди 2 вориди Уммон пойтахти Урдун шуд.

Нишасти Бағдоди 2 рузи сешанбе 20 декабр бо мушорикати ҳамсоягони Ироқ дар Уммон баргузор шуд.

Баҳрайн, Уммон, Миср, Арабистон, Иморат, Қатар, Туркия, Эрон, Ироқ ва Фаронса аз ҷумла кишварҳое ҳастанд, ки дар ин конфронс ширкат карданд.

 

Барчасп