Декабр 22, 2022 12:18 Asia/Dushanbe
  • Шофеъӣ: Тоҷикистон беҳтарин минтақа барои кишти фаросарзаминии Эрон аст

Раиси Утоқи бозаргонӣ, саноат ва маодину кишоварзии Эрон гуфт, Тоҷикистон ба лиҳози бархурдорӣ аз манобеи обӣ, беҳтарин минтақа барои кишти фаросарзаминӣ ва ҷуброни камобӣ ва тавсеаи бахши кишоварзӣ дар Эрон аст.

Ғуломҳусейн Шофеъӣ дар нишасти Шӯрои муштараки корофаринони Эрону Тоҷикистон дар маҳали Утоқи бозаргонии Машҳад муҳимтарин ва асоситарин масъалаи Эронро об донисту афзуд, Тоҷикистон аз назари манобеи обӣ дар минтақа рутбаи якро дорад, аммо Эрон кишти фаросарзаминии худро ба кишваре монанди Бразилия ё Венесуэла бо фосила бисёр аз Эрон бурдааст ва аз зарфияти ҳамсоягии Тоҷикистон барои ин бахш баҳра намегирад.

Вай гуфт, аз сӯи дигар Тоҷикистон кишваре ғанӣ аз алюминий аст, ки метавонад сатҳи васее аз ниёзи минтақаро дар ин бахш таъмин кунад, аммо эрониҳо ба ин бахш камтаваҷҷуҳ ҳастанд.

Шофеъӣ, зарфиятҳои Эрон дар ҳавзаи садсозӣ ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ дар минтақаро матлуб арзёбӣ кард ва афзуд, зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳе дар ин бахшҳо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳатто чандҷониба вуҷуд дорад ва аз тариқи Тоҷикистон метавон бо кишвари сеюме ҳам иртибот барқарор намуд, дар шароити кунунӣ бо иродае, ки байни ду кишвар эҷод шуда, заминаи як ҳаракат ё таҳаввул дар равобити тиҷорӣ шакл гирифтааст.

Вай гуфт, равобити чандҷонибаи Эрону Тоҷикистон решаҳои амиқи фарҳангӣ дорад, ҳарчанд марзҳои расмӣ ин ду кишварро аз ҳам ҷудо кардааст, аммо мардуми онҳо ҳамдигарро хешованди худ медонанд.

Ғуломҳусейн Шофеъӣ афзуд, дар солҳои 2012 ва 2013 Тоҷикистон сеюмин кишвари ҳадафи тиҷории Эрон буд, гарчӣ мизони мубодилоти коло ва тиҷорат байни 2 кишвар раванди нузулӣ ёфта буд, аммо тайи яксоли гузашта бо таҳаввуле, ки эҷод шуду иродае, ки дар мақомот буд, дар муддати ҳашт моҳ ҳаҷми муровидоти иқтисодӣ байни ду кишвар 115 дарсад афзоиш ёфт.

Ҷамшед Ҷумъахонзода афзуд, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар минтақаи яке аз кишварҳои бонуфуз аз лиҳози иқтисодӣ ва пешрафта ба ҳисоб рафта ва ширкатҳои зиёде дар Тоҷикистон хоҳони барқарории равобити тиҷорӣ бо Эрон ҳастанд.

Вай баён кард, дар сурате, ки битавон бистарҳои бештарӣ барои тавсеаи равобити ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон эҷод кард, метавон ҳаҷми табодулоти коло байни ду кишварро аз 500 миллиондоллар бештар кард, давлатҳо низ шароити хубе барои сармоягузорӣ эҷод кардаанд.

Ҷумъахонзода бо изҳори хурсандӣ нисбат ба рушди муносибатҳои иқтисодии ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон гуфт, барпоии намоишгоҳҳои колоӣ, эъзом ва пазириши ҳайатҳои тиҷорӣ аз утоқҳои бозаргонии ду кишвар метавонад ба тавсеаи равобит кумак кунад.

 

Барчасп