Декабр 12, 2016 15:37 Asia/Dushanbe
  • Дуюмин рӯзи размоиши Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 артиши Эрон

Дуюмин рӯзи размоиши “Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4”-и нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷануби шарқи Эрон дар савоҳили Мукрон баргузор шудааст.   

Рӯзи душанбе дар оғози Дуюмин рӯзи баргузории размоиши бузурги “Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4” дар ҷануби шарқи Эрон, ду фарванд шикории бомбафкани Миражи     нерӯи ҳавоии артиши ҷумҳурии исломӣ пас аз таҳоҷуми ҷангандаҳои душмани фарзӣ бо ҳузур дар минтақаи размоиш, нахустин бор ба амалиёти муқобила бо душмани фарзӣ аз тарифи ба коргирии таслеҳоти ҳавопоя иқдом карданд.   

Инҳидоми чанд фарванд шиновари сатҳии душмани фарзӣ аз сӯи ду фарванд болгардҳои Ҳавонерӯз дар дарёи Уммон ва савоҳили Мукрон аз дигар барномаҳои Дуюмин рӯзи размоиши се рӯзаи артиши Эрон буд.

Размоиши бузурги “Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4”-и ”-и нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон аз дирӯз бо шиори “Амнияти минтақа ва сулҳи пойдор дар сояи иқтидори дифоӣ ва ваҳдати исломӣ” дар минтақаи роҳбурдии ҷануби шарқи Эрон оғоз шуд.

Ин размоиш фардо низ идома хоҳад дошт.       

 

Барчасп