Декабр 26, 2022 17:37 Asia/Dushanbe
  • Адмирал Саёрӣ: Муқовимат дасти душманонро кутоҳ мекунад

Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Меҳвари муқовимат дасти душманоне, ки ба дунболи манофеъи номашруъ дар минтақа ҳастандро кутоҳ мекунад.

Адмирал Ҳабибуллоҳ Саёрӣ, муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш дар гуфтугу бо шабакаи радиоии муқовимати Садо ва Симо гуфт: Агар қудратманд набошем ва тавони дифоъ аз тамомияти сарзамини ва манобеъро надошта бошем душманон тамаъ хоҳанд кард.

Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш дар идома афзуд: Ҳар андоза қудратманд бошем ҳар андоза омодагӣ дошта бошем ҳар анзода битавонем дар муқобили тавтеаҳои душман истодаги ва дар ҳарҷо, ки тавтеъа шакл мегирад онро хунсо кунем маъно ва мафҳумаш ин аст, ки дар муқобили душман истодагӣ кардем ва барои худамон амнияти пойдорро ба даст оварадаем.

Адмирал Саёрӣ ҳамчунин гуфт: Муқовимат дар дохил ва дар меҳвари муқовимат ба сурати кулли сабаби барқарории амнияти пойдор дар минтақа мешавад ва ба дунболи ин дасти касонеро, ки омаданд ба дунболи манофеъи номашруашон дар минтақа бошанд кутоҳ мекунад.

Муъовини ҳамоҳангкунандаи артиш нақши генерали шаҳид Қосими Сулаймонӣ дар таъмини амнияти марзҳоро бисёр таъсиргузор донисту гуфт: Шаҳид Сулаймонии азиз бисёр талош карданд то ин амниятро ба армуғон биёваранд.

Барчасп