Изҳороти мудохелаҷуёнаи сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи Эрон
-
Изҳороти мудохелаҷуёнаи сухангуи вазорати хориҷаи Амрико дар бораи Эрон
Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико рузи душанбе дар суханони ба мудохила дар умури дохилии Эрон пардохт.
Вай ки кишвараш бештарин теъдоди зиндониёни занро дар ҷаҳон дорад дар ин суханон гуфт: Дар ҳимоят аз занони шуҷоъи эронӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ Эронро аз комисяи мақоми зани Созмони Милал ихроҷ кард ва муборизаи онҳо барои ҳуқуқашон идома дорад.
Сухангуи Вазорати хориҷаи Амрико изоф кард: Мо хостори озодии беқайду шарти тамоми касони ҳастем, ки ба далели иқдомоти мусолематомез боздошт шуданд.
Пас аз шурухи иғтишошот дар Эрон ба баҳонаи фавти Маҳсо Аминӣ ва ҳимоятҳои ошкор ва пинҳои ғарб ва махсусан Амрико ва Аврупо аз иғтишошгарон бо судури баёнияҳои мудохелаҷуёна ва эъмоли таҳримҳои мутаъадид баҳи ҳазфи Эрон аз комисяи мақоми зан матраҳ шуд.
Қатъномаи ҳазфи Эрон аз комисяи мақоми зани Созмони Милал рузи 14 декабри соли ҷорӣ бо 29 райи мувофиқ, 8 райи мухолиф ва 16 райи мумтанеъ ба тасвиб расид.
Ройзании намояндагии Эрон дар Созмони Милал поён додан ба узвияти Эрон дар комисяи мақоми занро нишонаи аз бозгашти якҷонибагароӣ хонду гуфт: Иқдоми Амрико ҳамлаи ошкор ба бунёди қонунмадори системаи Созмони Милал ва тамасхури чандҷонибагароӣ буд.