Қудратнамоии сомонаи падофандии «Маҷид» дар размоиши «Зулфиқор»-и артиши Эрон
Сомонаҳои мушакии иртифои ками «Маҷид» ва сомонаи контроли оташи тӯпхонаии «Хотам» дар размоиши «Зулфиқор»-и артиши Эрон, паҳподҳои муҳоҷим дар иртифои пастро бо муваффақият ҳадаф қарор доданд.
Дар идомаи марҳалаи аслии размоиши «Зулфиқор»-и артиши Эрон, паҳподҳои неруҳои норанҷии ҳамлавари созмондеҳишуда, ки қасди вуруд ба минтақаи умумии размоишро доштанд, тавассути сомонаҳои радарии густаришёфта дар минтақаи умумии размоиш, кашф, шиносоӣ, раҳгирӣ ва сипас бо ҳамоҳангии шабакаи якпорчаи падофанди ҳавоии кишвар ба манзури даргирӣ ва инҳидом ба сомонаи мушакии иртифои ками «Маҷид» ва сомонаи контроли оташи тӯпхонаии «Хотам» вогузор, ки бо шиллики муваффақи мушаку гулӯлаҳои тӯпхонаӣ аз ин сомонаҳо сарнагун шуданд.
Сомонаи мушакии падофанди ҳавоии чобуки «Маҷид» - нахустин сомонаи мушакии электрооптик бо бурди даргирии 8 километр аст ва бо тавваҷуҳ ба навъи амалкарду чобукиву чолокӣ ва қобилияти ҷобаҷоии тактикии сареъ, пас аз иҷрои амалиёт, имкони раҳгирӣ тавассути сомонаҳои сигналӣ ва шиносоӣ ва ҳар гуна муқобила тавассути душманро ноком мегузорад.
Ҳамчунин ин сомона муҷаҳҳаз ба дурбини бурди баланди ҳароратӣ аст, ки дар ин размоиш зимни талфиқ бо сомонаи контроли оташи тӯпхонаии радарии «Хотам» қобилияти шабакапазирии ин сомона низ мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва бо амалкарди дақиқ тавони размии неруи падофанди ҳавоии артиши Эрон дар даргирӣ бо аҳдоф дар бурду иртифои камро ба наҳви чашмгире афзоиш дод.
Ба расми ҳарсолаи артиши Ҷумҳурии исломии Эрон, размоиши муштараки «Зулфиқор» дар манотиқи ҷануби шарқ ва савоҳили Макрон аз бомдоди ҷумъа оғоз шуд.
Силсиларазмоишҳои муштараки «Зулфиқор»-и артиши Эрон дар савоҳили Макрон амнияти марзҳои дарёиро дар ҷануби кишвар тақвият кардаву умқи роҳбурдии Эронро аз дарёи Уммон ба паҳнаи уқёнусҳо афзоиш додааст.