Теҳрон мизбони аввалин ҷаласаи байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ
(last modified Sun, 01 Jan 2023 05:02:58 GMT )
Январ 01, 2023 10:02 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони аввалин ҷаласаи байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ
    Теҳрон мизбони аввалин ҷаласаи байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ

Аввалин ҳамоиши байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд.

Аввалин ҳамоиши байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ рузҳои чаҳоршанбе ва панҷшанбеи ин ҳафта дар Теҳрон бо шиъори шаҳид Сулаймонӣ қаҳрамони ҷаҳонии муқовимат баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусейн Акрбарӣ дабири ҳамоиши байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ гуфт: Ин ҳамоиш соли гузашта ба сурати миллӣ ва бо унвони шаҳид Сулаймонӣ ва тамадуни исломӣ баргузор шуд ва имсол дар қолаби байналмилали бо унвони шаҳид Сулаймонӣ қаҳрамони ҷаҳонии муқовимат баргузор мешавад.

Акбарӣ афзуд: Рузи чаҳоршанбе дар салони иҷлос ва рузи панҷшанбе дар салони ҳамоишҳои Садо ва Симо бо ҳузури бо ҳузури бархе раҳбарони меҳвари муқовимати Лубнон ва Сурия, кишварҳои ҳамсоя Ироқ ва Афғонистон ва мақомоти дохили баргузор хоҳад шуд.

Дабири ҳамоиши байналмилалии мактаби шаҳид Сулаймонӣ ҳамчунин гуфт: 230 мақолаи мухталиф ба забони форсӣ, арабӣ ва англисӣ дар ин ҳамоиш ироа хоҳад шуд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси маҷлсил суханрони ифтитоҳия хоҳад буд ва рузи дувум вазири умури хориҷа Ҳусейн Амри Абдуллоҳиён суханрони ихтитомия хоҳад буд.