Январ 01, 2023 14:45 Asia/Dushanbe
  • Ҷебелӣ: Таҳрими Садо ва Симо мисдоқи ошкори дектотурии зидди инқилоб аст
    Ҷебелӣ: Таҳрими Садо ва Симо мисдоқи ошкори дектотурии зидди инқилоб аст

Раиси созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Таҳрими Садо ва Симо мисдоқи ошкори дектотурии зидди инқилоби исломӣ Эрон аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Паймони Ҷебелӣ, раиси созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугу бо хабаргузории Форс дар бораи дектотурии расонаҳои душманони зидди низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд: Таноқузҳои ошкор байни шиъор ва амали муддаиёни озоди баён ва демакрати ва эҳтиром ба ҷомеъа мушоҳида мешавад, ки яке аз мисдоқҳои он нақзи ҳуқуқи башар тавассути Амрико бо таҳрими созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ҷебелӣ бо баёни ин ки созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон расонаи миллии кишвари мустақил аст таъкид кард: Садо ва Сиом мутаносиб бо ниёз ва шароити ҷомеъа ва ки вшар иқдом ба тавлиди муҳтаво ва иттилоърасони ва кумак ба пешрафти кишвар мекунад.

Раиси созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард: Вақти ниҳодҳои султаи ғарби ва байналмилали иқдом ба таҳрими Садо ва Симо мекунанд нишон медиҳад, ки ин дектотури ва нақзи иддаои озодии баён, ки солҳои сол бо он гуши ҳамаи ҷаҳонро кард карда буданд ба роҳати иттифоқ меафтад.

Ҷебелӣ гуфт: Чигуна аст расонаҳои душманоне, ки шабу руз машғули фитнагари ва омузиши ошуб ва барандози ва ба ҳам рехтани амнияти Эрон ва кишварҳои дигар ҳастанд дар қалби Аврупо озодона фаъолият мекунанд ва ҳеҷ кадом аз оиномаҳои танзимгари расонаӣ дар мавриди онҳо эъмол намешавад, аммо созмони Садо ва Симо, ки як расонаи махсуси маҳдудаи Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва бар асоси қоуну фаъолият мекунад аз назари онҳо нақзи қавонин мекунад ва ҳатто наметавонанд вуҷуди ин созмон ва ин расонаро ба руи моҳвораҳо таҳамул кунанд?

Иттиҳодияи Аврупо 14 ноябри соли 2022 ба баҳонаи тарафдори аз демакрати шабакаи телевизионии англисизабони Пресса Ти Ви ва фаъолиятҳои пахши муртабит бо Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эронро дар канори ашхос ва созмонҳои эронӣ таҳрим карда аст.

Дар ҳамин ҳол ширкати фаронсавӣ ютелист эълом кард тамоми фаъолиятҳои пахши муртабит бо Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эронро мутвақиф карда аст.

Барчасп