Таҳлил: Сабти террори генерали шаҳид Сулаймонӣ дар маҷомеъи байналмилали
(last modified Sun, 01 Jan 2023 11:50:59 GMT )
Январ 01, 2023 16:50 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Сабти террори генерали шаҳид Сулаймонӣ дар маҷомеъи байналмилали
    Таҳлил: Сабти террори генерали шаҳид Сулаймонӣ дар маҷомеъи байналмилали

Абоси Кадхудоӣ, раиси кумитаи вижаи пайгирии ҳуқуқи ва байналмилали парвандаи терор ва шаҳодати генерал ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ гуфт: Террори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш ба унвони тахалуфи байналмилалии Амрико дар маҷомеъи байналмилали сабт шуда аст.

Раиси кумитаи ҳуқуқи пайгирии парвандаи шаҳид Сулаймонӣ афзуд: Амрико бо терори ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ҳамаи таъаҳудоти байналмилалиро зери по гузошт ва нақз кард ва ҷиноятҳое, ки амрикоиҳо муртакиб шуданд як ҷинояти байналмилали буд, ки амрикоиҳо бо ин ҷиноят тахалуфи бузургеро муртакиб шуданд.

Вай афзуд: Баъд аз ин ҷиноят иқдомоти хуби дастгоҳҳои мухталиф аз ҷумла Вазорати хориҷа ва қуваи қазоӣ анҷом доданд ва қазоват шариф пайгири ин мавзуъ ҳастанд то аз назари кайфари ба саранҷоми хуби бирасад.

Бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳурӣ вақти Амрико дар 3 январи соли 2020 дар иқдоми ҷинояткорона ва ғайриқонуни бо ҳамлаи паҳподҳои амрикоӣ генерал Сулаймонӣ, фармонеди неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ Абумаҳди Алмуҳандис, муъовини Ҳашдушаъбии Ироқ ва ҳамроҳони онҳо дар фурудгоҳи Бағдод терор шуданд баҳонаи Трамп барои ин иқдоми ҷинояткорона ин иддао буд, ки генерал Сулаймонӣ бо ҳадафи тарҳирезии ҳамалот зидди амриоиҳо ва пойгоҳои онҳо вориди Ироқ шуда буд ва ҳамлаи ҳавоӣ Амрико низ як иқдоми пешгирона буд аст дар ҳоле, ки ин масъала ҳатто тавассути мақомоти аршади амрикоӣ низ рад шуд.

Дар воқеъ шоҳиди мутаъадид ва изҳороти мақомоти аршади амрикоӣ нишон медиҳад, ки Вашенгтон аз моҳҳо дар ин замина тасмим гирифта ва сирфан мунтазири замони муносиб барои ҷирои ин тарҳи ҷинояткорона буд аст.

Шабакаи хабарии Эн Би Си Амрико дар 13 январи соли 2020 гузориш дод, ки Трамп дар июни соли 2019 яъне 7 моҳ қабл дастури машварати барои террори генерал Сулаймони содир карда буд. Аз дидгоҳи мушовирони низомӣ ва амниятии Трамп ҳамзамони ҳузури генерал Сулаймонӣ ва Абумаҳди Алмуҳандис дар Бағдод, ки ба унвони ду фармондеҳи калидии эронӣ ва ироқӣ нақши асоси дар мубориза бо ДИИШ доштанд ва дар айниҳол аз мавозеъи ҷадиди таҳақуқи адофи Амрико дар ғарби Осиё буданд фурсате буд, ки набояд аз даст медоданд ва ба ин тартиб амрикоиҳо ҷинояти бузургеро бо ҳамлаи ноҷавонмардона ба онҳо сурат доданд.

Кадхудоӣ дар бораи баҳонаи Трамп барои дастури терори шаҳид Сулаймонӣ мегуяд: Ҳеҷкадом аз тавҷеҳоте, ки амрикоиҳо дар ҷиҳати анҷоми ин иқдоми ҷинояткорона доштанд мавриди тайид воқеъ нашуд ва имруз ба унвони санади байналмилали дар маҷомеъи байналмилали сабт аст, ки амрикоиҳо бо ин иқдоми ҷинояткоронаашон як тахалуфи бузурги байналмилалиро муртакиб шуданд.

Масъалаи дигар ин ки Амрико дар иқдоми бесобиқа ва комилан бар хилофи қавонини байналмилал як мақоми аршади неруҳои мусаллаҳи Эронро ҳадафи амалиёти террористии худ қарор дод бедуни ин ки эъломи ҷангӣ байни ду кишвар сурат гирифта бошад.

Кадхудоӣ дар ин бора мегуяд: Шаҳид ҳоҷи Қусими Сулаймонӣ ба унвони олитарин муқоми низомии кишвари мо ва меҳмони кишвари Ироқ ба унвони шахсияти байналмилали ҷойгоҳ ва ҳурмати ишон лозиму риъоя ва дорои масуният буда аст ва мақомоти Амрико мукалаф ба риъояти ҳурмат ва ҷойгоҳи вай буданд, ки мутаасифона ин ҷиноятро зидди ин генерали азиз ва ҳамроҳонашон анҷом доданд.

Коломор  низ ин масъаларо тайид карда ва бар ғайриқонуни будани иқдоми Амрико таъкид карда аст.

Коломор дар ин бора навишт: Терори ҳадафманди генерал Сулаймонӣ дар хоки Ироқ тавассути Амрико нахустин мавриди шинохта шуда ва хориҷ аз чорчуби як муноқишаи эъломи буд, ки дар он як давлат барои тавҷеҳи ҳамлаи худ ба як бозигари давлати ба мавзуъи дифоъ аз худ истинод мекард.

Бо мавзеъгирии сариҳ Коломор гузоришгари вижаи Созмони Милал дар бораи ғайриқонуни будани иқдоми ҷинояткоронаи Амрико дар терори генерал Сулаймонӣ ва ҳамроҳон вай шаки ба ҷой намемонад, ки Амрико аз ноқизони аслии қавонин байналмилали буд ва дар ростои сиёсатҳои зурмандонаи Амрико ҳеҷ эътиноӣ ба ин қавонин ва ҳанҷорҳо надорад лизо расидагӣ ба додхости Эрон бояд дар дастури кори маҷомеъи қазоӣ байналмилалӣ қарор гирад.

 

Барчасп