Канъонӣ: Набзи муқовимат аз 3 январи 2020 беш аз гузашта метапад
(last modified Mon, 02 Jan 2023 13:03:41 GMT )
Январ 02, 2023 18:03 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Набзи муқовимат аз 3 январи 2020 беш аз гузашта метапад
    Канъонӣ: Набзи муқовимат аз 3 январи 2020 беш аз гузашта метапад

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар остонаи севумин солрузи шаҳодати генерал Сулаймонӣ қаҳрамони байналмилалии мубориза бо терроризм таъкид кард набзи муқовимат аз 3 январи соли 2020 беш аз гузашта метапад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон дар твиттер дар паёми навишт се сол аз иқдоми нангини падархондаи терроризми байналмилали дар терори генерали муобриза бо терроризм гузашт.

Канъонӣ афзуд: Маросими бошукуҳи пайкари пора пораи генерал Сулаймонӣ ва таҷлили ҷаҳонӣ ном ва ёди ӯ гувоҳи бар зинда будани шаҳид Сулаймонӣ аст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон таъкид кард набзи муқовимат аз 3 январи соли 2020 беш аз гузашта метапад ва дар пайи муҷозоти қотилони ин паҳлавони зидди терроризм аст.

3 январи соли 2020 солрузи шаҳодати генерал Қосими Сулаймонӣ аст шаҳид Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ 3 январи соли 2020 дар ҳоле, ки ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳди Алмуҳандис ноибраиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид.