Ҳамоиши гиромидошти шаҳид Сулаймонӣ дар Лоҳури Покистон
Оини бузургдошти солгарди шаҳодати сардор,сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи пешини неруии Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Лоҳури Покистон баргузор шуд .
Имрӯз сешанбе сеюми январи 2023-солрӯзи шаҳодати сардор сипаҳбуд, Қосими Сулаймонӣ-фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Рӯзи ҷаҳонии муқовимат аст .
Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ- фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ сеюми январи 2020 дар ҳоле кӣ ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, дар ҳамлаи ҳавоии неруҳои мутаҷовиз ва террористи Амрико наздики фурудгоҳи Бағдод ба ҳамроҳи Абумаҳдӣ Алмуҳандис-нойиби раиси басиҷи мардумии Ироқ ва 8 нафар аз ҳамроҳонаш ба шаҳодат расид .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, оини гиромидошти сеюмин солгарди шаҳодати сардори сарафрози Ислом, сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш шомгоҳи душанбе ба мизбонии Хонаи фарҳанги сарконсулии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Лоҳур-маркази иёлати Панҷоби Покистон баргузор шуд .
Дар ҳошияи ин маросими китоби " Сайру сулӯки мактаби Сулаймонӣ " таълифи Муҳаммадҷаводи Рудгар,ки ба тозагӣ ба забони урдӯ баргардон шудааст, бо ҳузури сарконсул ва масъӯли хонаи фарҳанги Ҷумҳурии исломии Эрон ва шахсиятҳои покистонӣ рӯнамоӣ шуд .
Меҳрон Муваҳҳидфар-сарконсули ҷадиди Эрон дар Лоҳур дар суханоне гуфт : Шаҳид Сулаймонӣ-намояндаи инсонҳои фидокоре буд, ки барои наҷоти занону кӯдакон аз ҳамлаи террористии истикбори ҷаҳонӣ, ҷонашонро фидо карданд .
Ҷаъфари Рунос-раиси Хонаи фарҳанги Эрон низ гуфт : Сардор Сулаймонӣ миллитарин чеҳраи Эрон аст ва ному овоза ӯ дар дунёи Ислом исбот мекунад Сулаймонии азиз ، " умматитарин чеҳраи дунёи Ислом " низ ҳаст.