Бузургдошти солгарди шаҳодати Сардор Сулаймонӣ дар Тоҷикистон
Маросими бузургдошти саввумин солгарди шаҳодати Сардори сипаҳбуд Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ дар маҳали сафорати Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба гузориши Садои Хуросон, Муҳаммадтақии Собири сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар ин маросим гуфт, нуктаи бисёр муҳим ва арзишманд ин аст, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломи дар мавриди Сардори дилҳо аз иборати "мактаби Сулаймонӣ" истифода карданд, ки дорои шохисҳо ва вижагиҳои хосе аст. Таи ин фурсати кутоҳ сайъ мекунем то ба сурати иҷмоли бархе аз онҳоро баён намоем. Нубуғи низоми яке аз ин вижагиҳои Сардори шаҳид буд, ки бо ҳузӯри мустамир дар майдони разм ва ошноӣ бо завоёи мухталиф ва печидагиҳои фаровони он ба даст омада буд.
Ба гуфтаи вай руҳият салаҳшури ва ҷанггандаги аз дигар вижагиҳои Сардор Сулаймонӣ буд. Дар намоҳангҳое, ки дар ин маросим пахш шуд, ба хуби дида мешуд, ки ишон дар хати муқаддами ҷанг ҳузӯр пайдо мекард ва ҳеҷ гуна тарсе ба дили Ишон роҳ наёфт.
Собирӣ идома дод: Руҳияи шаҳодатталабӣ хоси ин шаҳиди бузургавор буд ва ҳамвора аз даргоҳи Худои муттаъол талаби шаҳодат дошт ва дар ниҳоят дуъои ишон мустаҷоб шуд ва бо дастур ва ба дасти шақитарин афрод ба шаҳодат расид.
Сафири кишварамон гуфт: Ихлос ва парҳез аз риё ва худнамоӣ аз дигар вижагиҳои ишон буд. Бо содагии тамом дар маросим ва барномаҳо ҳузӯр меёфт ва ҳеч гоҳ аз мардум худро ҷудо намедонист ва ҳаргиз ҳам аҳли тазоҳур набуд.
Собири изҳор дошт: Вилоятмадорӣ яке аз дигар вижагиҳои шаҳиди бузургавор буд ва ба Раҳбар ва муқтаддои хеш ончунон ишқ меварзид, ки дар қолаби ҷумалот қобили тавсиф нест. Ба унвони як афсари рашиди лашкари ислом ҳамвора гуш ба дастур ва фармони Раҳбар дошт ва ба маънои воқеъии калама муқаллид буд.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон зимни табини сойири вижагиҳои Сардор Сулаймонӣ аз "таъабуди маънавияти" ишон ёд ва таъкид кард: Афроди наздик ба ин шаҳиди бузургавор гувоҳи медиҳанд, ки ишон иловабар воҷибот ба мустаҳабот ҳам таваҷҷӯҳи хосе доштанд ва аз ҳар фурсате барои тиловати Қурон истифода мекард. Маънус будани Сардори шаҳид бо Қурон забонзад буд. Илова барин муқайид ба таҳаҷҷуд ва намози шаб буд.
Фаромарзӣ будан аз дигар вижагиҳои ишон буд ва фармондеҳи Сипоҳи Қудс фурсатеро фароҳам кард то дар Фаластин, Лубнон, Ироқ ва Сурия таҷрубиёти ҷадиде касб кунад ва ба лиҳози ҳушманди, тавони фарондеҳи ва мудириятӣ ба суръат ба як чеҳраи муассир табдил шавад.
Муҳаммадтақи Собирӣ, сахткуши ва муҷоҳадат будани вақфа назм ва интизобот ва диққат дар умур, суръатамал ва ба ҳангом будан, баёни таъсиргузор, алоқа ба фарҳангу ҳунар, руҳияи инқилобӣ, эътидол, санҷидаги ва тадбир дар умур, содагӣ ва сафо ва мардуми буданро аз дигар вижагиҳои мунҳасир ба фарди Сардор Сулаймонӣ донист ва дар мавриди онҳо суҳбат кард.
Муҳаммадтақи Собирӣ бар ин нукта таъкид кард, ки пас риҳлати ҳазрати Имом Хумайни (р) ҳеҷ маросимеро бо ин вусъат ва ҳузури миллиони ҷамъият, ки дар ташеъи ҷанозаи Сардори шаҳид мушоҳида кардем, надоштем. Худованд меҳри Қосим Сулаймониро натанҳо бар дили мардуми Эрон балки бар дили мардуми мухталифи ҷаҳон ҷокардааст, бисёре аз сафирон ва дипламатҳои хориҷӣ ба маҳзи шунидани номи шаҳид Сардор Сулаймонӣ бар мубориза бо терроризм будани он эътироф мекунанд.
Вай ҳамчунин ин шаҳиди бузургаворро шахсияти фароҷиноҳи унвон кард ва гуфт, ки изҳори алоқаи шахсиятҳо ва афроди бешуморе нисбат ба ишон фориғ аз нигоҳи сиёсӣ, далели ҷойгоҳи истисноии Сардор Сулаймонӣ аст, ба ин далел буд,, ки беш аз 20 миллион нафар дар маросими ҷанозаи ишон ҳузӯр ёфтанд.
Вай таъкид кард: Давлати Амрико дар як иқдоми ошкор нақзи қавонини байналмиллалӣ Сардор Сулаймониро, ки ба унвони як мақоми расми ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, террор ва ба шаҳодат расонд. Гумони душман ин буд, ки бо рафтани Сардор Сулаймонӣ достон тамом хоҳад шуд, фориғ аз он, ки имрӯз шаҳид Сулаймонӣ аз Сардор Сулаймонӣ муассиртар ва корсозтар аст.