Январ 05, 2023 11:41 Asia/Dushanbe
  • Анҷоми ройзанӣ барои равобити гардишгарӣ байни Форс ва Тоҷикистон

Муовини ҳамоҳангии умӯри зоирин ва гардишгарии устондории Форс аз ҳамоҳангӣ барои эъзоми Фомтқр аз сунуфи бахши гардишгарии ин устон ба Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсизабон дар ростои тасҳилгарӣ барои муаррифии тавонмандиҳо хабар дод.

Муҳаммади Фаррухзода чаҳоршанбе 14 даймоҳ дар дидор бо кордори сафорати Тоҷикистон дар Эрон, бо таъкид бар аҳамияти иттиҳоди стротежӣ бар мабнои иштироки фарҳангу забони байни кишварҳои форсизабон хостори иқдоми амалӣ дар ҳавзаи тақвияти равобити Эрону Тоҷикистон бавижа бо устони Форс шуд.

Вай пешниҳоди баргузории намоишгоҳи тавонмандиҳои устони Форс дар Тоҷикистон дар ҳавзаи санъат, гардишгарӣ, маъдан, нафт, газ, петрошимӣ, об, кишоварзӣ, тибби суннатӣ, пизишкӣ, таҷҳизоти доруӣ ва ҳавзаи фарҳангиро матраҳ кард.

Ҷонишини устондори Форс дар шӯрои тавсеаи гардишгарӣ ҳамчунин аз ҳамоҳангӣ барои эъзоми Фомтур ба Тоҷикистон ва соири кишварҳои форсизабон дар ростои тасҳилгарӣ барои ҷазби гардишгар тавассути сунуфи гардишгарии устони Форс хабар дод.

Фаррухзода ҳамчунин бо ишора ба зарфиятҳои содиротии устони Форс дар ҳавзаҳои мухталиф, бар лузӯми таҳияи феҳристе аз ниёзмандиҳои кишвари Тоҷикистон барои воридоти таъкиду иброз умедворӣ кард, ин иқдомот бар тақвияти равобити ду кишвар беш аз гузашта асаргузор бошад.

Дар ин дидори Маъруфҷон Абдурраҳмон, кордори сафорати Тоҷикистон бо ишора ба таърихи шашҳазор солаи форсизабонону таъкид бар 30 сола шудани равобити дипломатӣ байни ду кишвар хотирнишон кард, Эрон аввалин кишваре аст, ки моро пас аз истиқлол ба расмияти шинохту мардуми Тоҷикистон алоқаи зиёде ба ин равобити ду сӯя доранд.

Ӯ ҳамчунин бо ишора ба ҳамзабонии ду кишвар гуфт, сафарҳои мо бар мабнои шинохти якдигар камаст ва лозим аст барои тақвияти равобити ду кишвар сафарҳои бештаре анҷому ҷозибаҳои фавқулодаи Форс мавриди боздид ҳамватанони тоҷик қарор бигирад.

Дар поёни ин дидор, муқарар шуд кордори Тоҷикистон бо муаррифии тими эъзомии худ ба Эрон ва низ муаррифии ҳайати эъзомии устони Форс ба Тоҷикистон муқаддамоти ақди қарордодҳои дуҷониба миёни Форсу Тоҷикистонро фароҳам кунад. Ҳамчунин муқарар шуд кордори сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Эрон бо муаррифии намояндаи вижаи худ барои баргузории намоишгоҳи тавонмандиҳои устони Форс дар Тоҷикистон муқаддамоти ин сафарро фароҳам кунад.

 

Барчасп