Филми кӯтоҳи эронӣ - беҳтарин филми ҷашнвораи туркияӣ
Филми эронии «Боғи ваҳш» ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳи ҷашнвораи байналмилалии “Диёрбакир”-и Туркияро аз они худ кард.
Филми эронии «Боғи ваҳш» ба нависандагӣ ва коргардонии Нафиса Зореъ дар идомаи ҳузури байналмилалии худ ба дуюмин ҷашнвораи байналмилалии филми кӯтоҳи “Диёрбакир”-и Туркия роҳ ёфт ва ба рақобат пардохт.
Ин филми кӯтоҳ дар дуюмин ҷашнвораи байналмилалии филми кӯтоҳи “Диёрбакир”-и Туркия ба ҳамроҳи як филми кӯтоҳи дигар ҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳро дар ин рақобати байналмилалӣ, ки дар моҳи октябри соли 2022 баргузор шуд, дарёфт кард.
Дар хулосаи достони «Боғи ваҳш» омадааст: «Миёни ҳайвонҳои боғи ваҳш Раъно ба дунболи гавазнест, ки дар хоб дида ва модараш ба дунболи фурсатест то хабари муҳимеро ба ӯ бигӯяд».