Январ 06, 2023 20:37 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои ҳавзаи санъати барқи Эрон ба фурсат табдил шуд
    Таҳримҳои ҳавзаи санъати барқи Эрон ба фурсат табдил шуд

Мудири ширкати тавлид, интиқол ва тавзеи неруи барқи Эрон гуфт, Эрон ҷузви 5 кишвари турбинсоз дар дунёст.

Ораши Курдӣ, мудири ширкати тавлид, интиқол ва тавзеи неруи барқи Эрон бо баёни ин ки Эрон бо 13 баробари рушди солонаи тавлиди барқ, рутбаи аввалро дар Ғарби Осиё ба худ ихтисос додааст, гуфт: Имрӯз Эрон дар тавлиди таҷҳизоти мавриди ниёзи санъати барқ ба худкифоии 98 дарсадӣ расидааст.

Курдӣ ҳамчунин бо ишора ба таъмини барқи мавриди ниёз дар бахшҳои мухталиф гуфт: Барқрасонӣ барои масорифи хонагӣ, санъатӣ ва хадамотӣ бидуни маҳдудият ва ба сурати пойдор дар ҳоли анҷом аст.

Мудири ширкати тавлид, интиқол ва тавзеи неруи барқи Эрон таъкид кард, бо талоши неруҳои мутахассиси бумӣ таҳримҳои ҳавзаи санъати барқ ба фурсат табдил шудааст.

 

 

Барчасп