Январ 07, 2023 10:14 Asia/Dushanbe
  • Еревонӣ иттиҳомоти беасоси сафири режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро маҳкум кард

Амирсаъиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллал дар номае ба раиси Шӯрои Амният иттиҳомоти беасоси сафири режими саҳюнистӣ алайҳи Ҷумҳурии исломии Эронро маҳкум кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, намояндагии доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк бо ирсоли номае ба сафири Ҷопон, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро дар моҳи ҷорӣ ( январ ) бар уҳда дорад, бо ишора ба нишасти изтирории ин Шӯро дар мавриди вазъияти ғарби Осиё аз ҷумла масъалаи Фаластин иттиҳомоти беасоси режими саҳюнистӣ алайҳи Эронро маҳкум кард .
Амирсаъиди Еревонӣ-сафиру намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди Созмони Миллали Муттаҳид дар Нию-Йорк дар ин номае тасреҳ кард ҳадаф аз ин иттиҳомоти беасос мунҳариф кардани тавваҷуҳи ҷомеъаи байналмиллалӣ аз ҷиноёти ҷорӣ ва нақзи ҷиддии қавонини байналмиллалии режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин аст .
Дипломати аршади Ҷумҳурии исломии Эрон бо ишора ба вақойеъи ахир дар беҳурматии Масҷидул-Ақсо таъкид кард : Мояи таассуф аст, ки иқдомоти режими саҳюнистӣ дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар ва қавонини башардӯстонаи байналмиллалӣ дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин, аз ҷумла иқдомоти тавҳиномезу систематӣ ва ошкор ва беҳурматии маконҳои муқаддасу шариф аз сӯии ҷомеъаи ҷаҳонӣ авоқибе дар пай надорад .

 Еревонӣ бо ишора ба ҳассосияти нишасти фавқулодаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллал,ки асри панҷшанбе ба вақти маҳаллии 5 январи 2023 дар мақари ин ниҳоди байналмиллалӣ ташкил шуд ва ҳамаи аъзои ин Шӯро ، иқдоми кабинаи ҷадиди режими саҳюнистӣ дар беҳурматии Масҷидул-Ақсоро таҳрикомез ва нигаронкунанда хонданд, аммо сафири ин режим аз ташкили ин ҷаласа хашмгин буд.

Бештар бихонед :

 

Барчасп