Январ 07, 2023 17:35 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нерӯи заминии артиши Эрон: Размоиши “Зулфиқор 1401” ба аҳдофи худ расид

Фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар размоиши “Зулфиқор 1401” артиш бо истифода аз таҷҳизоти бумӣ ва тавонмандиҳои нерӯи инсонии муҷарраб, аҳдофи тарсим шуда, муҳаққақ шуд.

Генерал Каюмарси Ҳайдарӣ, фармондеҳи нерӯи заминии Артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи шанбе бо ишора ба ҳузури ягонҳои зиреҳӣ, тӯпхона, пиёдаи меканизе, паҳпод, ҷангол ва ҳавонирӯз дар размоиши Зулфиқор 1401 артиш афзуд, нерӯи заминии артиш дар ин размоиш бо иҷрои тактикҳо ва текникҳои навин бавижа дар ҳавзаи паҳподу ҳавонируз, барги заррини дигареро аз тавонмандиҳо ва зарфиятҳои худ нишон дод.

Сартип Ҳайдарӣ, размоиши Зулфиқор 1401-ро дар навъи худ беназир хонду афзуд: Барои нахустин бор ҳавонирузи артиш бо болгардҳои кубро ва таробарӣ тавониста амалиёти нишаст ва бархест рӯи новҳои нерӯи дарёиро дар савоҳили Мукрон бо муваффақият ба иҷрои дароварад, ки ин амалиёти таркибӣ бо нерӯи дарёии артиш, бахше аз намоиши қудрати новгони болгардии артишро ба ҳамагон нишон дод.

Вай ба иқтидор, қудрати оташу таҳарруки ягонҳои зиреҳӣ, тӯпхона, пиёда ва меканизеи нерӯи заминии артиш ишора ва унвон кард, бо таваҷҷуҳ ба шароити номусоиди ҷавӣ ва ноҳамвории замини минтақаи размоиш, таҷҳизоти сангину фавқусангини ягонҳои зиреҳӣ вав тӯпхона бо иҷрои амалиёти тохту оташи сангин тавонистанд бо гулӯлаҳои нуқтазану ҳӯшманди комилан бумӣ, мавозеъ ва истеҳкомоти душманро мунҳадими сохта ва амалиёти разми заминиро ба беҳтарин шакли мумкин иҷро кунанд.

Размоиши муштараки Зулфиқор 1401 Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбе (29 декабр) бо рамз ё Заҳро (с.а) дар манотиқи ҷануби шарқ, савоҳили Мукрон, ҳадди фосили шарқи тангаи Ҳурмуз то наздикии бандари Gavater ва дарёи Уммон то мадори 10 дараҷа дар шимоли Уқёнуси Ҳинд оғоз шуда буд, душанбе (сеюми январ) поён ёфт.

 

Барчасп