Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ Айнуласад
(last modified Sun, 08 Jan 2023 07:46:17 GMT )
Январ 08, 2023 12:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ Айнуласад
    Ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи амрикоӣ Айнуласад

Имруз 8 январ солрузи ҳамлаи мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба пойгоҳи "Айнуласад"-и Амрико дар Ироқ аст ҳамлае, ки бозтоби густардаи дар расонаҳои ҷаҳон дошт.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар посух ба иқдоми террористии давлати Амрико дар шаҳодат расондани генерал Қосими Сулаймонӣ 8 январи соли 2020 бо беш аз 10 фарванд мушак пойгоҳи "Айнуласад"-и Амрикоро дар устони Аланбори Ироқ ҳадаф қарор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин амалиёт 13 фарванд мушаки болостик аз навъи мушакҳои Фотеҳ-313 ва Қиём ба пойгоҳи "Айнуласад" шилик шуд, ки ба гуфтаи генерал Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи неруи ҳавофазои Сипоҳи посдорон бо диқат ба аҳдоф худ исобат кард ва таҷҳизоти низомии муҳими амрикоиҳоро дар ин пойгоҳ нобуд кард.

Доналд Трам, раиси Ҷумҳурии вақти Амрико пас аз амалиёти мушакии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ муддаи шуд ҳамлаи мушакии Эрон ба Айнуласад кушта ва маҷруҳ надошт, аммо Пентагон феврали ҳамон сол эълом кард: 109 низомӣ бо осебҳои мағзии турумотик шиносоӣ шуданд.

Шабакаи телевизионии CNN-и Амрико ва ҳамчунин бархе расонаҳои аврупоӣ дар рузҳои нахуст пас аз ин ҳамла дар гузориши ба тарсу ваҳшати сарбозони амрикоӣ ва вазъияти ошуфтаи пойгоҳи Айнуласад дар шаби ҳамлаи мушакии Эрон пардохт.