Канъонӣ: Фаронса ҳаққи тавҳин ба кишварҳо ва пайравони адёни илоҳиро надорад
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳаттокии нашрияи фаронсавии «Шарли Эбдо» ва ҳамчунин иддаои озодии баён дар ин кишвар таъкид кард, Фаронса ҳаққи тавҳин ба кишварҳо ва пайравони адёни илоҳиро надорад.
Ба гузориши ИРНА, Носири Канъонӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” дар тавсия ба давлатмардони Фаронса навишт, Фаронса бо собиқаи таърихии сиёҳи истиъмор, нақзи ҳуқуқи башару озодии баён дар дохилу хориҷ, ҳаққи тавҷеҳи тавҳини вақеҳона ба муқаддасоти дигар кишварҳо ва миллатҳо ва пайравони адёни илоҳиро ба баҳонаи озоди баён надорад.
Канъонӣ афзуд, ончӣ давлатмардони феълии Фаронса бояд риоят кунанд, усӯли бадеҳӣ ва асосӣ дар равобити байналмилал, яъне эҳтироми мутақобил, мудохила накардан дар умӯри дохилии дигарону эҳтиром ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, динӣ ва мазҳабии дигарон аст.
Нашрияи фаронсавии«Шарли Эбдо», ки пештар ба соҳати муқаддаси Паёмбари Ислом (с) иҳонат карда буд, ахиран мусобиқае бо ҳадафи нашри карикатурҳои муҳин(тавҳинкунанда) ба марҷаъияти динӣ ва сиёсӣ баргузор кард, ки интиқодоти зиёде ба ин нашрия ва ҳамчунин сиёсати Фаронса дар заминаи ончӣ ки озодии баён меномад, ба дунбол дошт.