Январ 09, 2023 17:34 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо солрузи қиёми таърихии 19 даймоҳи соли 1356 Қум ҷамъи аз мардуми ин шаҳр бо ҳузур дар ҳусейнияи имом Хумайнӣ(р) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дидор карданд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ин дидор фармуданд: Бузургдошти 19 даймоҳи соли 1356 ҳар сол такрор мешавад ва бояд ҳам истимрор дошта бошад зеро зинда нигаҳ доштани ҳаводиси таърих вазифаи ҳама аст.

Эшон руйдоди 19 даймоҳи Қумро шуруъи як ҷиҳоди бузург донистанду афзуданд: Аз инҷо як ҷиҳоди бузург оғоз шуд дар саросари кишвар, ки ҳадафи ин ҷиҳод ҳам ин буд, ки Эрони азизро аз ҳозимаи ғарб берун бикашад ва ҳувияти таърихии Эронро эҳё кунад, ҳувияти таърихии Ислом ва Эрон, Эрони исломӣ аст.

  • Раҳбари инқилоб бо ишора ба вижагиҳои ҳувияти исломӣ фармуданд: Ин ҳувияти исломӣ гум шуда буд ва агар касе меомад дар хиёбонҳои Теҳрон роҳ мерафт на ҳоло фақат Теҳрон дар хеле аз шаҳрҳои дигар ҳатто дар як ҷоҳои аз Машҳад низ агар касе роҳ мерафт эҳсос намекард инҷо як кишвари исломӣ аст ва инҷо як мардуми мусалмон зиндагӣ мекунанд.
  • Раҳбари инқилоби исломӣ пирузии инқилоб ва наҷоти Эрон аз султаи сангини Амрикоро иллати аслии душмани бо низоми исломӣ баршумурданд.

Эшон бо ишора ба нақшофаринии ошкор ва ғайри қобили иғмозии амрикоиҳо ва аврупоиҳо дар ҳаводиси ахир хотирнишон карданд: Муҳимтарин василаи душман дар ин иғтишошот кори таблиғоти ва васваса аз тариқи фазои маҷзоӣ ва расонаҳои ғарбӣ, арабӣ ва ибри буд.

Эшон дар бахши поёнии суханонашон ба масъалаи ҷиҳоди табйин низ ишора карданду гуфтанд: Дар раъси нақшаҳои бадхоҳон таблиғот ва ба қавли худашон прупогондо аст, ки илоҷи он табйини саҳеҳи ҳақоиқ аз забонҳои мухталиф ва бо ибтикор ва навовари аст чаро, ки роҳи бартараф кардани васвасаи таблиғоти асаргузори бар зеҳни ҷавонон ботум нест балки табйин ва равшангари аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асли инқилоби исломиро таҳавули бузург ва убурдиҳандаи кишвар аз гарданаҳои сахт хонданд ва афзуданд: Дар идомаи роҳ низ дар заминаҳои мухталиф ҳамчун иқтисод, фарҳанг, амният ва илм ниёзманди корҳои бузург ва таҳавули ҳастем ва ин таҳавули мубтакирона бо вуҷуди масъулон ва ҷавонони пурталош ва донишгоҳҳо ва бахшҳои дигар мумкин ва шудани аст.  

 

Барчасп