Ҳанболи Эрон мизбони рақобатҳои ҷоми бошгоҳҳои Осиё
Эрон мизбони рақобатҳои ҷоми бошгоҳҳои Осиё яке аз муҳимтарин рақобатҳои ҳандбол дар қораи Осиё шуд.
Бо пешниҳоди федератсияи ҳанболи Эрон ва мувофиқати федератсияи ҳанболи Осиё кишвари Эрон мизбони биступанҷумин даври мусобиқоти ҳандболи ҷоми бошгоҳҳои мардони Осиё шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо ин рақобатҳо аз 12 май то 24 май соли 2023 дар шаҳри Исфаҳон баргузор мешавад.
Пас аз мувафақияти Эрон дар мизбонии мусобиқоти ҳандболи соҳилии қаҳрамонии бузургсолон ва навҷавонони Осиё мизбони рақобатҳои ҷоми бошгоҳҳои Осиё дувумин мизбони ҳам аз мусобиқоти байналмилали хоҳад буд, ки ба Эрон дода шуда аст.
Пас аз ниҳои шудани мизбонии Эрон аз мусобиқоти ҷоми бошгоҳҳои Осиё ба зуди намояндагони федератсияи ҳандболи Осиё роҳи Эрон хоҳанд шуд то охирин шароитро барои мизбонии аз ин руйдоди муҳим мавриди арзёби қарор диҳанд.