Вуруди намояндагони “Аэробус” ба Теҳрон барои фурӯши ҳавопаймо
Бо амалӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ ва лағви бархе таҳримҳо алайҳи Эрон, намояндагони ширкати ҳавопаймосозии "Аэробус” барои ниҳоӣ кардани тавофуқи фурӯши 100 ҳавопаймои мусофирбарӣ бо Эрон, вориди Теҳрон шуданд.
Асғар Фахрия Кошон, қоиммақоми вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи душанбе гуфт, бо сафари масъулони аршади ширкати “Аэробус” ба Теҳрон пешбинӣ мешавад дар як ҳафтаи оянда тавофуқ барои хариди 100 ҳавопаймо миёни Эрону “Аэробус” ниҳоӣ шавад.
Рӯзи якшанбе низ ширкати ҳавопаймоии “Боинг”-и Амрико ва ширкати ҳавопаймоии “Эрон- эйр” дар Теҳрон барои фурӯши 80 ҳавопаймо ба арзиши 16 миллиарду 600 миллион доллар қарордод имзо карданд.
50 адади ин ҳавопаймо модели 737 ва 30 адади дигар модели 777 –и паҳнпайкар аст, ки дар як давраи 10- сола ба “Эрон- эйр” таҳвил дода мешавад.
Имзои қарордод бо “Боинг” ва ҳузури ҳайати “Аэробус” дар Теҳрон дар шароите сурат мегирад, ки Амрико бархе таҳримҳои худро алайҳи Эрон тамдид кардааст.
Давлати Амрико дар солҳои ахир бар хилофи қавонини байналмилалӣ, фурӯши ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ ва ҳатто додани сӯхти ин ҳавопаймоҳоро дар феҳристи таҳримҳои золимона алайҳи Эрон қарор дода буд.