Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Нақшаи ҷомеъи душман шикаст хурд
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар хуҷастасолрӯзи валодати босаодати ҳазрати Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар дидори ҷамъе аз маддоҳону шоирони аҳли байт ( ъ ) таъкид карданд : Нақшаи ҷомеъи душман шикаст хурд, чун муҳосиботи онҳо ғалат буд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар ин дидор муҳаббату иродати ҳазрати Сидиқаи куброро дар умӯри шахсӣ ва умумӣ бисёр муассир донистанд ва гуфтанд : Маддоҳӣ, мироси шиъа ва як ҳунари мураккаб аст, ки аз таркиби садои хуш, шеъри хуб, оҳанги муносибу муҳтавои фахрӣ эҷод мешавад ва бояд ҳамчун соири мутӯни арзишманди динӣ ҳамаи аркони он зебо бошад .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар инки душман ҳамаи авомили лозим барои ихлолу тахриб дар як кишварро ба кор андохт, афзуданд : Омили амниятӣ, нуфӯзи тимҳои ҷосӯсӣ, ғавғои Эронҳаросии истикбор дар дунё ба равишҳову шеваҳои таблиғотии мухталиф, ҳамроҳ кардани баъзе аносири дохилӣ бо худашон, таҳрики ангезаҳои қавмӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва шахсӣ ва таблиғоти фарогир аз дигар авомили ихлол буд, ки аз моҳҳо қабл онҳоро фаъол карданд .
Ишон хотирнишон карданд : Ба унвони як нозир ، дар дили худ ба муҳандисии хуби душман « офарин » гуфтам, чаро ки ҳамаи чизро дар ҷои худ ва ба андоза фароҳам карда буд, аммо бо вуҷӯди ин нақша, ки дар кишварҳое низ асаргузор аст, муваффақ нашуданд зеро муҳосибаи онҳо ғалат буд .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманӣ хотирнишон карданд : Хаёл мекарданд миллати Эрон ба иллати мушкилоти иқтисодӣ бо нақшаи барандозӣ ва таҷзияталабии онҳо ҳамроҳӣ хоҳад кард.
Ишон афзуданд : Хаёл мекарданд бо фаҳҳошӣ ва баддаҳанӣ ва иҳонатҳои гӯногӯн метавонанд масъӯлони кишварро мунфаил ва аз майдон хориҷ кунанд, хаёл мекарданд бо васваса ва ҳаёҳӯ метавонанд масъӯлони сатҳи болои кишварро дучори ихтилофи назар кунанд, хаёл мекарданд бо долларҳои нафтии фалони кишвари муздӯри Амрико метавонанд иродаи Ҷумҳурии исломиро таҳти таъсир қарор диҳанд .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд : Хаёл мекарданд бо ташвиқи чанд унсури худфурӯхта ба паноҳандагӣ ба кишвари дигар ва лаҷанпароканӣ алайҳи Эрон ҷавонони мо ноумед мешаванд, дар ҳоле ки иштибоҳ карданд ва касе ба онҳо эътиное накард .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд : 40 сол аст ки аз ҳар тариқ алайҳи Ҷумҳурии исломӣ талош мекунанд, аммо чун муҳосиботашон ғалат буда ва ҳаст то кунун шикаст хурда ва дар оянда низ шикаст хоҳанд хурд .
Ишон бо таъкид бар инки муҳосиботи ғалати душман набояд мӯҷиби ғифлати мо шавад, гуфтанд : Мо ҳам бояд ҳавосамон бошад, ингуна набошад ки дучори ғафлат ва ғурур шавем ва бигӯем қазоё тамом шуд, бояд дар майдон бимонем ва бидонем омили ҳифзи миллат умеду ваҳдати миллӣ аст .