Январ 14, 2023 11:58 Asia/Dushanbe
  • Истифодаи артиши Эрон аз паҳподҳои муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҳушманду нуқтазан

Ҷонишини фармондеҳи неруи ҳавои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфта, ки ин неру дар ростои афзоиши тавони размии худ аз паҳподҳои муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҳушманд ва нуқтазан барои нобудии аҳдофи дурдаст истифода мекунад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, халабон Меҳдии Ҳодиён, ҷонишини фармондеҳи неруии ҳавои артиши Ҷумҳурии исломии Эрон изҳор кард, дар созмони размии неруи ҳавоии артиши Эрон баҳрагирӣ аз зарфиятҳои паҳподӣ аз ҷойгоҳи қобили таваҷҷӯҳе бархурдор аст.
Ҳодиён афзуд: Ба таври куллӣ иҷрои амалиёти таркибии нақши умдае дар афзоиши тавони размии ҳавоии артиши Эрон эҷод кардааст ва сомонаҳои паҳподӣ зимни ҷамъоварии иттилоот ва коркардҳои ҷангии муносиб, муҳитро барои иҷрои амалиёти ҷангандаҳои неруи ҳавоии артиш дар шароити разм омода мекунанд .
Ҷонишини фармондиҳи неруии ҳавоии артиши Эрон ҳамчунин бо ишора ба тавони размии сомонаҳои паҳподии ин неру гуфт: Неруи ҳавоии артиши Эрон дар ростои афзоиши тавони размии худ аз паҳподҳои муҷаҳҳаз ба силоҳҳои ҳӯшманду нуқтазан барои инҳидоми аҳдофи дурдаст истифода мекунад .
Ҳодиён тасреҳ кард: Имрӯз аз сомонаҳои паҳподӣ дар неруии ҳавои артиши Эрон ба унвони як тавони қудрати биломунозиъа баҳрагирӣ мешавад .
Ҷонишини фармондеҳи неруи ҳавоии артиши Эрон бо таъкид бар инки сомонаҳои паҳподӣ то кунун таъсири басазое дар нақшу амалкарди неруи ҳавоӣ доштаанд, хотирнишон кард: Имрӯз дар пойгоҳҳои мухталиф ва қисмҳои амалиётии неруи ҳавои артиши Эрон шоҳиди ҳузури бахши густардае аз паҳподҳо бо қобилиятҳои мухталиф ҳастем, ки кори ҳифозату ҳаросат аз осмони кишварро анҷом медиҳанд .
Докторинаи дифои Эрон асосан устувор бар асли боздорандагӣ тавсеа ёфтааст, барои эҷоди боздорандагии воқеӣ, доштани тавонои низомӣ ва таслеҳотии муътабар ва дар ихтиёр доштани неруҳои мусаллаҳи қудратманду муҷаҳҳаз нақши асосӣ дорад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп