Эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ алайҳи сурхак ва сурхча дар Эрон
(last modified Sat, 14 Jan 2023 12:31:33 GMT )
Январ 14, 2023 17:31 Asia/Dushanbe
  • Эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ алайҳи сурхак ва сурхча дар Эрон

Раиси идораи бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксани вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз иҷрои эмкунии атбои хориҷӣ алайҳи сурхаку сурхча дар кишвар хабар дод.

Муҳсини Заҳроӣ, раиси идораи бемориҳои қобили пешгирӣ бо воксани вазорати беҳдошт, дармону омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, ҳадафи аслӣ аз анҷоми ин эмкунӣ тақвияти эминии атбои хориҷӣ алайҳ сурхак аст ва бо ин воксан, сурхча ҳам пӯшиш дода мешавад.

Заҳроӣ афзуд, дар ҳафтаҳои ахир беш аз 235 ҳазор ғайри эронӣ дар гуруҳи синнии 9 то 30 сол дар кишвар воксани сурхак тазриқ кардаанд ва ин беморӣ таҳти кантрол аст.

Вай тасреҳ кард, бо таваҷҷуҳ ба инки дар моҳҳои ахир хурӯҷи афғонистониҳо аз кишварашон бештар шуда ва дарсади зиёде аз онҳо ба Эрон омаданд, мумкин аст ба сурхак мубтало буда ва дар натиҷа боиси шуюи ин беморӣ дар Эрон шуда бошанд.

Ҷумҳурии исломии Эрон дар чаҳор даҳаи ахир мизбони бузургтарин ҷомеъаи паноҳндагони дунё ба хусӯс шаҳрвандони афғонстонӣ буда ва ҳатто дар даврони ҷанги таҳмилӣ ва таҳримҳои золимонаи даҳаҳои ахир ҳам ҳозир ба қатъи ироаи хадамот ба миллионҳо нафар аз атбои Афғонистон, ки дар Эрон машғӯли кор, таҳсил ва зиндагӣ ҳастанд, нашудааст.

Акнун 5 миллион нафар аз шаҳрвандони афғонстонӣ дар Эрон ба сар мебаранд ва аз имконоти мавҷӯд дар Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчун шаҳрвандони эронӣ баҳраманд ҳастанд.