Декабр 13, 2016 17:50 Asia/Dushanbe
  • Поёни размоиши Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 дар Эрон

Размоиши бузурги Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон бо дастёбӣ ба ҳамаи аҳдофи аз пеш таъиншуда бо муваффақият ба поён расид.  

Амир сартипи дуюми ситоди Саид Камоли Паямбарӣ, сухангуи размоиши бузурги Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 нерӯи заминии артиши Эрон рӯзи сешанбе гуфт: Ин  размоиш, ки бузургтарин разми тактикии ягонҳои вокуниши сареи нерӯи заминии артиши Эрон буд, бо дастёбӣ ба ҳамаи аҳдофи мавриди назар ва касби маҷмуае аз дастовардҳои арзишманд ва асарбахш дар ҳавзаи разми заминӣ бо муваффақияти комил ба поён ёфт.

Сухангуи размоиши бузурги Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 таъкид кард, амният ва сулҳи пойдор дар сояи иқтидори дифоӣ ва ваҳдати исломӣ, ки шиори аслии ин размоиш буд, қатъан бо ҳамроҳии кишварҳои минтақа ва бидуни ниёз ба ҳузури бегонагон таҳаққуқ хоҳад ёфт.

Рӯзи сешанбе дар охирин рӯзи размоиши бузурги Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 тавонмандиҳои тактикии паҳподҳои ихлолгар дар сомонаҳои иртиботӣ ва паҳподҳои таҳоҷумӣ озмоиш шуд.

Размоиши бузурги Муҳаммад Расуллаллоҳ (с)-и 4 нерӯи заминии артиши ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи якшанбе дар минтақаи роҳбурдии ҷануби шарқи Эрон оғоз шуд.

 

Барчасп