Вокуниши Канъонӣ ба қатли фаҷиъи муъаллими сиёҳпуст аз суи полиси Амрико
Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон иқдоми полиси Амрико дар ба қатл расондани фаҷиъи муъаллими сиёҳпустро маҳкум кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Носири Канъонӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба қатли фаҷиъи муъаллми сиёҳпуст дар Амрико гуфт: Мушоҳидаи тасовири иқдоми хашин ва бераҳмонаи полиси Амрико дар қатли муъаллими сиёҳпуст ва такрори қатли фаҷиъи Ҷорҷ Флойд, ки нишон аз истимрори рафтори табъизомези полиси Амрико зидди рангинпустони ин кишвар дорад бори дигар ҷаҳониёнро дар буҳтушук фуру бурд.
Сухангуи Вазорати умури хориҷа афзуд: Режими Амрико, ки барои майли ба мақсадҳои сиёсӣ бо риёкори тавом бо мудохилаҷуӣ дар масоили дохилии дигар кишварҳо вуруд кард ва ашки тимсоҳ мерезад нисбат ба хушунат ва иқдомоти табъизолуда ва нафратангези полиси кишвараш дар қиболи рангинпустон ва ҷиноят зидди онҳо сукут ихтиёр мекунад.
Канъонӣ бо маҳкум кардани қатли ин муъаллими ҷавони сиёҳпуст бар лузуми посухгуӣ давлати Амрико дар қиболи ин ҷиноятҳои зидди инсонӣ ва бемасъулияти дар баробари такрори мавориди нақзи фоҳш ва систематики ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба вижа нисбат ба ҳуқуқи ақалиятҳо ва рангинпустон таъкид кард.