Амир Абдуллоҳиён: Фаластин мавзуъи аввали ҷаҳони ислом аст
Вазири умури хориҷаи Эрон дар нишаст бо ҷамъи аз масъулон ва аъзои барҷастаи гуруҳҳои мухталифи муқовимати фаластинӣ гуфт: Фаластин ва Қудси шариф ҳамчунон мавзуъи аввали ҷаҳони ислом аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар идомаи сафар ба Сурия шанбешаб дар нишасти самими бо ҷамъи зиёди аз масъулон ва аъзои гуруҳҳои мухталифи муқовимати фаластинӣ дар Димишқ дидору гуфтугу кард.
Амир Абдуллоҳиён дар ин нишаст афзуд: Фаластин ва Қудси шариф ҳамчун мавзуъи аввалин ҷаҳони ислом аст ва то замоне, ки давлати Фаластин дар саросари хок ва сарзамини таърихии Фаластин ба пойтахти Қудси шариф шакл нагирад Фаластин ҳамчунон масъалаи аввали ҷаҳони ислом хоҳад буд.
Вазири умури хориҷа ташкили ин ҷаласа дар пойтахти Сурия бо ҳузури масъулон ва намояндагони барҷастаи гуруҳҳои муқовимати фаластиниро нишондиҳандаи инсиҷоми бештар ва ваҳдати меҳвари ҳомии Фаластин донист.
Раиси дастгоҳи дипломотии Эрон дар идома таъкид кард: Амрико ва муттаҳидонаш солиёни зиёд аз тарҳҳои мухталифи яке пас аз дигари мисли Осло, Ховаримиёнаи ҷаиди, Ховармиёнаи бузург, муъомилаи қарн ва паймони Иброҳим рунамоӣ карданд, аммо миллат ва муқовимати Фаластин бо иттиҳод ва инсиҷом ва пойдории мисолзадании худ тамоми он тарҳҳоро ба зуболадони таърих фиристоданд.
Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Амалиёти Сайфулқудс исбот кард, ки муқовимат ва Фаластин зинда аст.
Вай афзуд: Ҳатто Ҷоми Ҷаҳонии футбол низ нишон дод, ки Фаластин зинда аст ва одисозии равобити арабӣ-исроилӣ динори намеарзад.