Январ 17, 2023 10:43 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Канъонӣ ба изҳороти дахолатомези раиси ҷумҳӯри Кореяи ҷанубӣ алайҳи Эрон

Носири Канъонӣ-сухангӯи Вазорати умӯри хориҷаи Эрон шомгоҳи душанбе ба изҳороти дахолатомези раиси ҷумҳӯри Кореяи ҷанубӣ перомуни равобити Ҷумҳурии исломии Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ вокуниш нишон дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  Юн Сог Ёл,раиси ҷумҳӯри Кореяи ҷанубӣ дар ҳоли боздид аз неруҳои Кореяи ҷанубӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ изҳороте алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон матраҳ кард .
Вай муддаӣ шуд,ки душмани Аморот Эрон аст ва душмани мо Кореяи шимолӣ . . . Мо бо Аморот дар вазъияти мушобеҳе қарор дорем.
Раиси ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ рӯзи шанбе дар чорчӯби як сафари расмии чандрӯза вориди Абузабӣ шуд.
Носири
 Канъонӣ дар хусӯси изҳороти раиси ҷумҳӯри Кореяи ҷанубӣ дар Аморот гуфт : Изҳороти нақлшуда аз ин мақоми кореяӣ нишонгари адами итилоъи комил аз муносиботи торихӣ ва дӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс аз ҷумла Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ва таҳаввулоти бисёр сареъу мусбат дар ин замина аст.
Вай таъкид кард : Вазорати умӯри хориҷа бо ҷиддият мавозиъи ахири ин кишвар ва ба вижа изҳороти раиси ҷумҳӯри он дар мавриди равобити Эрону Аморотро, ки орӣ аз камтарини ваҷоҳати дипломатӣ аст, дар дасти пайгирӣ дорад ва мунтазири тавзеҳи Вазорати хориҷаи Кореяи ҷанубӣ дар ин замина аст.

 

Барчасп