Январ 17, 2023 13:48 Asia/Dushanbe
  • Содироти кошӣ ва серамикаи Эрон ба 150 кишвари ҷаҳони

Раиси Анҷумани кошӣ ва серамикаи тазъинии Эрон гуфт : Кошӣ ва серамикаи Эрон ба 150 кишвари ҷаҳон содир мешавад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Асғари Оҳаниҳо-раиси Анҷумани кошӣ ва серамикаи Эрон рӯзи сешанбе бо баёни инки бархе воҳидҳо байни 50 то 60 дарсади тавлидоташонро равонаи бозорҳои содиротӣ мекунанд, афзуд : Маҳсӯлоти Эрон дар радаҳои мухталиф тавлид мешавад, ки рада " олӣ "-и он дар ҳадду андозаи тавлидоти аврупоӣ аст .
Оҳаниҳо тасреҳ кард : Покистон бо ҷамъияти 280 миллионнафарӣ бозори фавқулодае барои Эрон аст, аммо тарофаҳову аворизи сангини гумрукӣ аз сӯи покистониҳо муҳимтарин далоили муҳаққиқ нашудани содирот ба ин кишвар будааст .
Розито Гулипур-дабири Анҷумани кошӣ ва серамикаи Эрон низ гуфт : Дар як даҳаи гузашта саҳми кошӣ ва серамикаи тазъинии аз содирот рушди чашмгире доштаву Эрон аз назари тавлид дар минтақа берақиб аст .
Гулипур афзуд : Кошӣ ва серамикаи тазъинии Эрон бо кайфияти болотар аз тавлидоти кишвари Чин арза мешавад ва ба ҳамин далел Эрон рақиби сарсахти чиниҳо дар минтақаи Ховари Миёна ва Авруосиё маҳсӯб мешавад.
Дабири Анҷумани кошӣ ва серамикаи Эрон кошӣ ва серамикаро ҳафтумин санъати стротежики Эрон мутобиқи эъломи назари Вазорати саноъат, маъдан ва тиҷорат унвон кард, ки акнун тавлидоти он дар радаи ҳафтуми кайфии ҷаҳон қарор дорад .
Кишварҳои Ироқ, Покистон, Туркия, кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс ва Русия муҳимтарин бозорҳои Эрон дар содироти кошӣ ва серамика аст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп