Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон: Сипоҳ сутуни устувор ва нуқтаи қуввати Ҷумҳурии исломист
(last modified Fri, 20 Jan 2023 12:14:24 GMT )
Январ 20, 2023 17:14 Asia/Dushanbe
  • Алиакбарӣ: Иқдоми Аврупоро нишонгари истисоли  душманон аст
    Алиакбарӣ: Иқдоми Аврупоро нишонгари истисоли  душманон аст

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон зимни маҳкум кардани иқдоми ғайриқонунии Порлумони Аврупо дар мавриди сипоҳ таъкид кард, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рукни ракин (сутуни устувор) ва нуқтаи қуввати Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Муҳаммадҷаводи Алиакбарӣ, зимни маҳкум кардани иқдоми ғайриқонунии Порлумони Аврупо дар мавриди сипоҳ гуфт, Сипоҳи посдорон рукни ракин ва нуқтаи қуввати Ҷумҳурии исломист, мардум сипоҳро дӯст доранду низоми исломӣ, давлат ва маҷлис дар баробари ин ҳаракат посухҳои дархур, муносиб ва қотеъ хоҳанд дод.

Акбарӣ бо ишора ба иқдоми зишту ғайриқонунии ин рӯзҳои Порлумони Аврупо афзуд, иқдоми Порлумони Аврупо ҳеҷ арзиш ва аҳамияте надорад ва хеле камтар аз ин ҳарфҳо ҳастанд, ки бихоҳанд Сипоҳи посдорони сарафроз, қаҳрамонпарвар, нухбапарвару мудирпарварро ҳадаф қарор диҳанд.

Вай таъкид кард, дар ҷабҳаи муқовимат дар минтақаи Ғарби Осиё имтидоди басиҷу иқтидори сипоҳро мушоҳида мекунед, ки ҳазорон ҳазор унсури доно, тавоно ва коромад дар он ҳузур доранду ормонҳои инқилоби исломиро бо қувват мушоҳида мекунанд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳоҷи Муҳаммадҷаводи Алиакбарӣ ин иқдоми Аврупоро нишонгари бечорагии  душманон донисту гуфт, аврупоиҳо ҳам дар ин замина мисли арӯсаки хаймашаббозӣ дар дасти Амрико ва Исроил амал мекунанд ва бо ин ки худ гирифтори сармои сахт ва ҷанг ҳастанд, хостанд дар иғтишошот ба ҳадафҳои худ барисанд, ки нарасиданд.