Январ 21, 2023 18:32 Asia/Dushanbe
  • Генерал Саломӣ: Аврупоиҳо иштибоҳоти гузаштаи худро такрор накунанд

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар вокуниш ба иқдоми мазбуҳонаи порлумони Аврупо дар қарор додани номи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи ончӣ ки "созмонҳои террористӣ" номидааст, гуфт, аврупоиҳо иштибоҳоти худро такрор накунанд.

Намояндагони порлумони Аврупо, чаҳоршанбе (18 январ) ба мутаммими пешниҳодӣ барои шиносоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар феҳристи гуруҳҳои террористии Иттиҳоди Аврупо раъйи мусбат доданд. Тасмимоти порлумони Аврупо, пешниҳодӣ маҳсуб шуда ва дар ҳукми дархост ҳастанд.

Генерал Ҳусайни Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ пас аз дидори Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзуд, агар муҷоҳидатҳои маҷмуаи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бавижа бо меҳварияти нерӯи Қудс ва фармондеҳии шаҳид Сулаймонӣ набуд, қатъан оташфишони террористӣ, ки тавассути амрикоиҳо эҷод шуд, домангири аврупоиҳо мешуду амнияте, ки имрӯз дар Аврупо ҳоким аст, аз байн мерафт.

Вай тасреҳ кард, Амрико ва Аврупо ҳамонтавр, ки дифои машруъи фаластиниҳоро терроризм медонанду таҳоҷуми саҳюнистҳоро дифои машруъ! дифои мардуми Яман аз тамомияти арзӣ ва сиёсии худро низ терроризм медонанду таҳоҷуми Оли Сауд ва муттаҳидони онро дифои машруъ талаққӣ мекунанд, ба ҳамин наҳв дифои мардуми Эрон ва сипоҳ аз арзишҳои худро терроризм талаққӣ мекунанд, дар ҳоле, ки худашонро зиддитерроризм нишон медиҳанд, паноҳдиҳанда ба терроризм ҳастанд. Генерал Саломӣ афзуд, Аврупо дубора худро дар як ҷанги ҷаҳонӣ қарор дод ва имрӯз бар вайронаҳои ҳамон ҷангҳои гузашта, Аврупои ҷадид шакл гирифтааст, Аврупо аз иштибоҳоти гузаштаи худ дарс нагирифтааст ва фикр мекунад бо чунин баёнияҳое метавонад ин сипоҳи азим, ки саршор аз қудрати имон, таваккул, қудрат ва иродаастро мутазалзил кунад. Қолибоф ҳам гуфт, агар порлумони Аврупо бихоҳад даричаи ақлониятро баста ва дар ҷиҳати дифо аз терроризм ҳаракат кунад, маҷлии омодагии бархӯрди қотеъ бо ҳар иқдоми онҳоро дорад. Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон афзуд, аврупоиҳо тасаввур мекунанд сипоҳ ҳам монанди нерӯҳои низомии онҳо, як нерӯи сирфан низомӣ аст, ғофил аз инки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва басиҷ аз матни мардум ва миллати Эрон аст.

 

Барчасп