Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи даргузашти ҳамсари оятуллоҳ Субҳонӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i97146-Паёми_таслияти_Раҳбари_муаззами_инқилоб_дар_пайи_даргузашти_ҳамсари_оятуллоҳ_Субҳонӣ
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти ҳамсари оятуллоҳ оқои Ҳоҷ Шайх Ҷаъфари Субҳониро таслият гуфтанд.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 21, 2023 19:00 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоб дар пайи даргузашти ҳамсари оятуллоҳ Субҳонӣ

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти ҳамсари оятуллоҳ оқои Ҳоҷ Шайх Ҷаъфари Субҳониро таслият гуфтанд.

Матни паёми оятуллоҳ Хоманаӣ ба ин шарҳаст:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ҳузури мубораки оятуллоҳ оқои Ҳоҷ Шайх Ҷаъфари Субҳонӣ доматбаракоту

Даргузашти ҳамсари гиромии он ҷанобро таслият арз мекунам ва таслои ҷаноби олӣ ва дигар бозмондагон ва раҳмати илоҳӣ барои он марҳӯмаро аз Худованди мутаъол масъалат менамоям.

Саид Алии Хоманаӣ