Декабр 14, 2016 11:39 Asia/Dushanbe
  • Озодсозии Ҳалаб, бузургтарин пирӯзии меҳвари муқовимат ва артиши Сурия

Мақомоти ҷумҳурии исломии Эрон, озодии Ҳалаби Сурия аз ишғоли террористҳоро бузургтарин пирӯзии артиши ин кишвар ва меҳвари муқовимат донистанд.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон сешанбе шаб дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва Симо, дар хусуси озодисозии Ҳалаби Сурия гуфт, озодсозии Ҳалаб аз ишғоли террористҳо, пирӯзии бузурги миллати Сурия дар баробари терроризми вобаста ва ҳомиёни минтақаӣ ва ғарбии он буд .

Алии Шамхонӣ бо баёни инки тадобири ғарб натавонист ҷилави озодсозии Ҳалабро бигирад, тасреҳ кард, ҷумҳурии исломии Эрон муътақид аст, буҳрони Сурия роҳҳалли низомӣ надорад ва роҳҳалли ин буҳрон сиёсӣ ва музокираи муоризон ва давлати ин кишвар аст .

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳамчунин гуфт, ғарб ва бархе кишварҳои минтақа баъд аз озодсозии Ҳалаб, роҳбурди тадовуми ҳимоят ва мусаллаҳ кардани террористҳо барои интиқомгирӣ ва ё ташвиқи муоризони мусаллаҳ барои гуфтугӯ бо давлат ба манзури ташкили давлати ваҳдати миллиро пешору доранд, ки умедворам роҳи дуввум интихоб шавад .

Алӣ Акбари Вилоятӣ, раиси маркази таҳқиқоти стратегии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ҳам озодии Ҳалабро бузургтарин пирӯзии артиши Сурия ва муттаҳидонаш аз оғози ҷанг бо террористҳо дар ин кишвар донист .

Вилоятӣ пирӯзии ҳалабро натиҷаи муқовимати суриҳо ва муттаҳидонаш донист ва гуфт, муқовимати 5 солаи миллати Сурия, орзуи муртаҷаони минтақа ва муттаҳидони муздури ғарб ва Амрикоро барои султа бар минтақа ноком гузошт .

Раиси маркази таҳқиқоти стратегии Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон ибрози умедворӣ кард, кишварҳои минтақа, ки дар таҳаввулоти Сурия тамаъ карданд, аз пирӯзии Ҳалаб панд бигиранд .

Муҳсини Ризоӣ, дабири Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон низ поксозии шаҳри Ҳалаб аз дасти террористҳо ва такфириҳоро калиди фатҳи Раққа ва решакан кардани терроризм дар Сурия донист .

Артиши Сурия сешанбе шаб шаҳри Ҳалаб дар шимоли ин кишварро пас аз панҷ сол ба таври комил аз ишғоли террористҳо озод кард .

 

Барчасп