Канъонӣ: Риёкории Амрико собиқае тӯлонӣ дорад
(last modified Mon, 23 Jan 2023 14:10:19 GMT )
Январ 23, 2023 19:10 Asia/Dushanbe
  • Канъонӣ: Риёкории Амрико собиқае тӯлонӣ дорад

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дармавриди равияи Амрико дар иғтишошот таъкид кард, риёкории Амрико, собиқае тӯлонӣ дорад.

Носири Канъонӣ дар нишасти хабарии ҳафтагӣ дар мавриди равияи Амрико дар заминаи иғтишошоти ахир Эрон гуфт, риёкории Амрико собиқаи тӯлонии 40 сола ба андозаи умри Инқилоби исломии Эрон дорад ва ин кишвар ҳамвора сиёсатҳои ғалат, ғайрисозанда ва мухарриб дар иртибот бо Эрон, низоми Ҷумҳурии исломии Эрон ва миллати Эрон доштааст.

Канъонӣ афзуд, дар баҳси таҳримҳо давлати Амрико муртакиби нақзи фоҳишу густардаи ҳуқуқи башар, алайҳи миллати Эрон шудаасту таҳримҳои золимонаи якҷониба ва густардаи давлати Амрико масодиқи боризе аз ҷиноят алайҳи башарият маҳсӯб мешавад ва дар парвандаи рафтори аъмоли давлати Амрико алайҳи миллати Эрон сабту забт шудааст.

Вай таъкид кард, ки ин давлати Амрико аст, ки бояд рафтори ғайрисозандаи худро ислоҳ кунад то шароити ҳоким бар равобити дуҷониба дар масири дигаре ва дар рейли дигаре қарор бигирад.

Сухангӯи вазорати умури хориҷа, дар мавриди табодули зиндониён байни Эрон ва Амрико гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сӯрати ҷиддӣ моил аст, ки иқдомоти лозим сӯрат бигирад, ки зиндониёни эронии дар банди зиндонҳои давлати Амрико, ки ба баҳонаҳо ва иттиҳомоти беасос, аз ҷумла давр задани таҳримҳои золимонаи Амрико алайҳи миллати Эрон боздошт шудаанд, ҳарчӣ сареътар озод ва назди хонаводаҳои худ баргарданд.

Канъонӣ тасреҳ кард, давлати Амрико дар як бозаи замонӣ ба рағми тавофуқи аввалия мавзӯи табодули зиндониёнро ба раванди музокироти рафъи таҳримҳо ва БарҶом гиреҳ зад, аммо умедворем давлати Амрико дар ин замина масъӯлона амал кунад.