Расидани рутбаи илмии Эрон ба 15 ҷаҳонӣ
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз расидани рутбаи илмии ин кишвар ба 15 ҷаҳонӣ хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Айнуллоҳӣ-вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо баёни инки рутбаи илмии Эрон аз 16 ба 15 ҷаҳонӣ афзоиш ёфтааст, изҳор кард: Миёнгини суръати рушди пажӯҳишу тавлиди илм дар Эрон 7.42 ва ин миёнгин дар улӯми пизишкӣ 8.23 аст.
Айнуллоҳӣ бо ишора ба инки яке аз бузургтарин дастовардҳои Инқилоби исломӣ ба ҳавзаи саломат таъаллуқ дорад, гуфт:Имрӯз Эрони исломӣ ба иқрори Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳиммати донишмандони фарҳехтаи худ дар тамоми шохисҳои саломат дар минтақаи ғарби Осиё саромад аст .
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон умед ба зиндагӣ, коҳиши маргу мир,тавсеаи муроқибатҳои беҳдоштӣ, коҳиши бемориҳои вогир ва афзоиши дастрасии мардум ба хадамоти саломату беҳдошт дар манотиқи мухталифи кишварро аз ҷумлаи дастовардҳои Инқилоби исломӣ дар ҳавзаи саломат унвон кард .
Айнуллоҳӣ бо ишора ба роҳандозии Донишгоҳи ҳуши маснӯъӣ дар Эрон тасреҳ кард 64 донишгоҳу донишкадаи улӯми пизишкӣ, 840 маркази таҳқиқотӣ, 69 пажӯҳишкада, 40 озмоишгоҳи тахассусӣ ва 25 шабакаи таҳқиқотӣ дар ҳавзаи саломат дар саросари Эрон фаъолият мекунанд .
Ҷумҳурии исломии Эрон бо вуҷуди таҳрим ва фишорҳои сиёсии ҷаҳонӣ бо такия ба нақши муҳими мардум ба вижа ҷавонони нухбаву фаъол дар арсаҳои илмӣ ва пизишкӣ мавонеъро канор зада ва ба дастовардҳои хубе расидааст .
Бештар бихонед :