Январ 24, 2023 11:02 Asia/Dushanbe
  • Раисӣ : Равобити иқтисодии Теҳрону Маскав дар ҳоли тақвият ва афзоиш аст

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо раиси Думаи Русия таъкид кард : Равобити иқтисодии Теҳрону Маскав ба шакли идомадор дар ҳоли тақвият ва афзоиш аст .

Сайид Иброҳим Раисӣ-раиси ҷумҳурии Эрон рӯзи душанбе бо Вячеслав Володин-раиси Думаи Русия дидор кард .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раисӣ дар дидор бо раиси Думаи Русия гуфт : Баҳрагирӣ аз зарфиятҳои Теҳрону Маскав илова бар таъмини манофеи ду кишвар метавонад манофеи минтақаӣ низ эҷод кунад .
Раисӣ афзуд : Ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталифи тиҷорӣ, энержӣ, тронзиту ҳамлу нақли зарфиятҳои зиёд ва гуногун доранд, ки метавонад дар заминаи густариши ҳамкориҳо фаъол шавад .
Раиси ҷумҳӯр ҳамчунин бо баёни инки Ҷумҳурии исломии Эрон иҷрои комили тавофуқот бо Русияро дунбол мекунад, афзуд : Зарфиятҳои ду тараф метавонад мукаммили якдигар бошад ва баҳрагирӣ аз онҳо илова бар таъмини манофеи ду кишвар метавонад манофеи минтақаӣ низ эҷод кунад .
Вячеслав Володин-раиси Думаи Русия низ дар ин дидор мавозеъи Раисӣ дар бораи тақвияти равобити минтақаӣ ва ҳамсоягиро осонкунанда густариши ҳамкориҳои ду кишвар донист.
Володин гуфт : Русия низ ҳамин рӯйкард ва назарро дар бораи афзоиши сатҳи таъомулот бо Ҷумҳурии исломии Эрон дорад ва дастури кори Маскав бар асоси иродаи сарони ду кишвар талош барои тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳо аст.

 

Барчасп