2500 кӯдаки ғайриэронӣ дар ҷануби Эрон ваксина шуданд
-
Ваксинатсияи сурхак, сурхча ва фалаҷи атфоли атбоъи ғайриэронӣ
Раиси шабакаи беҳдошту дармони шаҳристони Кангони устони Бушеҳр, ҷануби Эрон, аз ваксина шудани 2 ҳазору 521 кӯдак дар маъракаи ваксинатсияи такмилии сурхак, сурхча ва фалаҷи атфоли шаҳрвандони ғайриэронӣ хабар дод.
Маҳмуди Мирҳоҷӣ, раиси шабакаи беҳдошту дармони шаҳристони Кангон рӯзи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, эътиқоди низоми саломати Эрон ба эҷоди саломати пойдор дар кишвар боис шудааст, ки ироаи хадамоти беҳдоштӣ, аз ҷумла ваксинатсияи атбоъи ғайриэронӣ (муҷоз ва ғайримуҷоз) ҳамчун ҳамватанони эронӣ, баробар ва ройгон будаву мубтанӣ бар арзишҳои динӣ, каромати инсонӣ ва усули ахлоқии хидматрасонӣ дар ҳавзаи беҳдошт ба ин гуруҳ ҳам дақиқан мушобеҳи эрониён бошад.
Раиси шабакаи беҳдошту дармони шаҳристони Кангон афзуд, маъракаи ваксинатсияи такмилии сурхак, сурхча ва фалаҷи атфоли атбоъи ғайриэронӣ ҳамзамон бо соири шаҳристонҳо, дар устони Бушеҳр ва шаҳристони Кангон аввали январ дар ҳоли иҷро аст.
Мирҳоҷӣ гуфт, барои пӯшиши комили тарҳу пешгирии беморӣ дар минтақа лозим аст ҳамаи атбои ғайриэронии ваксинанашуда дар зудтарин фурсат ба марокиз, пойгоҳҳо ва хонаҳои беҳдошти шаҳристон ҷиҳати тазриқи ваксина муроҷиа кунанд.
Ба гуфтаи раиси шабакаи беҳдошту дармони шаҳристони Кангон то кунун 844 хонавори ғайриэронӣ дар ин шаҳристон саршуморӣ шудаанд.